Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест, Заҳрошоми фироқам ба ватан корам нест. Шарбати васл куҷоӣ, ки аз ин беш маро, Тоқати ташналабӣ бо дили беморам нест.
Розест маро, ки гуфтанӣ нест
Розест маро, ки гуфтанӣ нест, В-ин роз зи кас нуҳуфтанӣ нест. З-он пунбаи ғафлатам ба гӯш аст, К-он рози ниҳон шунуфтанӣ нест.
Бас ишқи бутон хоки ҷунун бар сари мо рех
Бас ишқи бутон хоки ҷунун бар сари мо рехт, Дил қатраи хун гашту зи ҷисму тани мо рехт. Лабташна басе бодия гаштем, валекин Бар оташи дил оби ду чашми тари мо р
Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт
Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт, Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт. Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор, Водии ҳиҷрон гулу гулзор х
Бутпарастонем, бо ислом моро кор нест
Бутпарастонем, бо ислом моро кор нест, Ғайри тори зулф моро риштаи зуннор нест. Беш аз ин, эй ақл, бар ман таъни расвоӣ мазан, З-он ки мастони муҳаббатро малома
Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст
Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст, Булҳавас биншин, ки он бадхӯ саропо оташ аст. Хоҳ дар оташ бирав, парвона, хоҳӣ рав дар об, Аз саро мар ошиқонро то
Боз мурғи дил гули ошуфтагӣ бӯ кардааст
Боз мурғи дил гули ошуфтагӣ бӯ кардааст, Мардуми чашмам зи гиря кор якрӯ кардааст. Дар муҳаббат шарбати роҳат маро бар лаб чӣ суд? Ошиқ он кас шуд, ки бо заҳри
Парвонасифат з-оташи дил болу парам сӯхт
Парвонасифат з-оташи дил болу парам сӯхт, Чун шамъи шаби ҳаҷр зи по то ба сарам сӯхт. Дар базми висолат дилам аз соғари ҳайрат Нӯшид шаробе, ки зи гармӣ ҷигарам
То зулфи ту печу тоб бишкаст
То зулфи ту печу тоб бишкаст, Ранг аз рухи офтоб бишкаст. Ҳуснат намаке ба захми дил рехт, Паймонаи хӯрду хоб бишкаст.
Рӯ ба водӣ чун ниҳодам, ишқи покам беҳтар аст
Рӯ ба водӣ чун ниҳодам, ишқи покам беҳтар аст, Нолаҳои зору оҳи дарднокам беҳтар аст. Дил, ки дар роҳи муҳаббат пешаи Маҷнун гирифт, Дида пурашки надомат, синач
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст, Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст. Навмед набояд шудан аз гардиши айём, Ҳар шом, ки ояд зи паи он саҳаре ҳаст.
Манам, ки меҳнату ғамро зи ман ҷудоӣ нест
Манам, ки меҳнату ғамро зи ман ҷудоӣ нест, Ба базми офиятат ҳеҷ ошноӣ нест. Сабо ба булбули шӯрида гӯ, ки дар раҳи ишқ, Маҷоли дам задану ҷои худнамоӣ нест.
Бе гули рӯи ту як дам зинда будан мушкил аст
Бе гули рӯи ту як дам зинда будан мушкил аст, Пешат эй шӯхи ситамгар, лаб кушудан мушкил аст. Саҳл бошад ашкрезӣ ҳамчу абри навбаҳор, Ханда бар лаб, дидаи хунбо
Эй, ки дар аҳди ҷамолат ишқ бебунёд нест
Эй, ки дар аҳди ҷамолат ишқ бебунёд нест, Дар ҷаҳон як дил зи қайди зулфи ту озод нест. Ҳеҷ кас аз дасти ҷабрат дар ҷаҳон доде нахост, Оре-оре, дар тариқи хубрӯ
Меҳнати дарди ҷудоӣ, ки зи ҳад афзун аст
Меҳнати дарди ҷудоӣ, ки зи ҳад афзун аст, Дида лабрези сиришк асту ҷигар пурхун аст. Хуш фиребанда нигоҳест, ки дар кишвари ишқ Ҳар киро менигарам Кӯҳкану Маҷну
Ҳар, ки бо санги маломат ҳамчу Маҷнун хӯ гирифт
Ҳар, ки бо санги маломат ҳамчу Маҷнун хӯ гирифт, Пеши арбоби назар чун гавҳар оби рӯ гирифт. Бар надорам сар агар сад Хизр ояд бар сарам, Бас ки улфат чашми гир
То шеваи нозат ба дилам рӯз фузун аст
То шеваи нозат ба дилам рӯз фузун аст, Фикрам ҳама расвоию андеша ҷунун аст. Носиҳ раҳи худ гир, ки Маҷнуни ғамашро Дар роҳи талаб ҷайб ба сад пора шугун аст
Зи тоби оташи ишқат шабам бадан месӯхт
Зи тоби оташи ишқат шабам бадан месӯхт, Зи сӯзи шуълаи оҳам дили сухан месӯхт. Агар на оби дами теғи ғамзаат хӯрдӣ, Шаҳиди ишқи ту то ҳашр дар кафан месӯхт.
Бода дар гулзор хӯрдан кай ҳавас бошад маро
Бода дар гулзор хӯрдан кай ҳавас бошад маро, Нашъаи бӯи гулистони ту бас бошад маро. Майкашон маъзур гар дар базм май камтар кашам, Бӯи май пайваста ҷосӯси асас
Чу булбул дар фиғон оям, чу бинам бӯстонашро
Чу булбул дар фиғон оям, чу бинам бӯстонашро, Чу гул хандон шавам ҳар ҷо, ки бинам боғбонашро. Сабо аз бӯи пироҳан нагардад чашми мо равшан, Нахезам аз сари ин
Медиҳам об аз сиришки дида боғи хешро
Медиҳам об аз сиришки дида боғи хешро, Тоза медорам ба бӯи гул димоғи хешро. Бода чун бар лаб ниҳам, соқӣ чӣ сон соғар кашам? Пур зи хуноби ҷигар дорам аёғи хеш
Қатъи ҷафо намекунад дилбари шӯху масти мо
Қатъи ҷафо намекунад дилбари шӯху масти мо, Тарки вафо намедиҳад ин дили худпарасти мо. Мо ба хилофи орзу шишаи дил шикастаем, Ранҷи абас барад фалак ин ҳама да
Не шамъи бахт хоҳам, не меҳри ҳамгинонро
Не шамъи бахт хоҳам, не меҳри ҳамгинонро, Хоҳам кашам ба як сӯ аз мурдумон инонро. То чашм боз гардад, сӯҳбат вуҷуди ишқ аст, Фурсат шумур ғанимат дидори дӯстон
Резад ба ҷоми моҳ чу соқӣ шаробро
Резад ба ҷоми моҳ чу соқӣ шаробро, Орад зи абри шиша бурун офтобро. Лахти ҷигар зи гиря барояд зи дидаам, Мастон ба пухтагӣ нагузоранд кабобро.
Адое ҳаст пинҳонӣ нигоҳи нозанинонро
Адое ҳаст пинҳонӣ нигоҳи нозанинонро, Ки аз завқаш гирифторӣ ба миннат медиҳад ҷонро. Парешон шуд зи ғайрат лашкари аҷзои ҷамъият, Парешон карда то чини сари зу