Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чашми ту аз тири мижа ҳар сӯ шикоре афканад,
Чашми ту аз тири мижа ҳар сӯ шикоре афканад, Он турк дар як чашмзад кушта ҳазоре афканад. Дар ҳасрати он к–аз туам тире расад, ҷон медиҳам, Бар сайди лоғар тири
Дилам аз ҷоми ғамат неши бало нӯш кунад,
Дилам аз ҷоми ғамат неши бало нӯш кунад, Ҳамаро дарду маро дарди ту беҳуш кунад. Чун ба пешат накунам нола, ки булбул дар боғ, Ин маҳол аст, ки гул бинаду хомӯш
Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд,
Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд, Расми вафо раҳо накунанд, ар ҷафо кашанд. Онон, ки раҳравони вафоянд, аз мижа Сӯзан кунанду хори ҷафоро зи по кашанд.
Дар он рӯзе, ки хубон офариданд,
Дар он рӯзе, ки хубон офариданд, Туро бар ҷумла султон офариданд. Туро доданд тавқеъи саодат, Пас он гаҳ рӯҳи инсон офариданд.
Санги таъна ба сабӯям задаанд,
Санги таъна ба сабӯям задаанд, Табли бадномӣ ба куям задаанд. Кай фитад дар кафи ман домани васл?! Силии ҳаҷр ба рӯям задаанд.
Ошиқон мавсими гул хайма ба саҳро задаанд,
Ошиқон мавсими гул хайма ба саҳро задаанд, Боргаҳ бар суману лолаи ҳумро задаанд. Сокини маҷлисашон зуҳраву хуршеду маҳ аст, Соябонест, ки бар ганбади мино зада
Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад,
Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад, Ҳар кас сари зулфи ту кашидан натавонад. Хусрав лаби Ширин бигазад ҳамчу шакар, лек Фарҳод ҷуз ангушт газидан натавонад.
Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонд,
Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонд, Дил ба зери бор чун маҳмил бимонд. Давлати бедори ман чун даргузашт, Бахти хоболудро ғофил бимонд.
Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад?
Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад? Дар дӯзахи сӯзон нами Кавсар кӣ расонад? Гирам, ки дили ман чу кабӯтар парад он ҷо, Ин номаи маймун ба кабӯтар кӣ расон
Бо васли гул расидан булбул наметавонад,
Бо васли гул расидан булбул наметавонад, Лутфе кунад магар бод, бӯе ба вай расонад. Бар ҳар варақ чаманро бе ҳарф моҷароест, Ку ошиқе чу булбул, то нонавишта хо
Маҳ нав шуду он ёри сафаркарда наомад,
Маҳ нав шуду он ёри сафаркарда наомад, Маъшуқи ҷигархораи дилбурда наомад. Озод кунем аз пайи каффорати ӯ ҷон, К-он дилбари бадаҳди қасамхӯрда наомад.
Аз хаёли хубрӯён чашми мо бутхона шуд,
Аз хаёли хубрӯён чашми мо бутхона шуд, В-аз ғами занҷирмӯён ақли мо девона шуд. Ҳеч медонӣ, чаро саргашта гардад офтоб? З-он ки ӯ бар гирди шамъи рӯйи ту парвон
Ақле, ки зирак менамуд, аз ишқи ту девона шуд,
Ақле, ки зирак менамуд, аз ишқи ту девона шуд, Аз ошнову хешу кас якборагӣ бегона шуд. Дарди ту ҳар сӯ рахнае мекард дар бунёди дил, Вайрона кардаш ин замон, чу
Дар кӯи моҳрӯе поям ба гил фурӯ шуд,
Дар кӯи моҳрӯе поям ба гил фурӯ шуд, Сархайли некномон расвои шаҳру кӯ шуд. Эй сабри пойбарҷо, манзил ба кӯи ӯ кун, К-он дил ки буд вақте, акнун аз они ӯ шуд.
Сухани зулфи ту гуфтам, нафасам мушкин шуд,
Сухани зулфи ту гуфтам, нафасам мушкин шуд, Сифати лаъли ту кардам, даҳанам ширин шуд. Завқи Фарҳод кам аз лаззати Парвиз набуд, Ки ҳама талхии комаш зи лаби Ши
Ҳар кас, ки пеши тири маломат сипар нашуд,
Ҳар кас, ки пеши тири маломат сипар нашуд, Ҳаргиз миёни ҳалқаи ушшоқ сар нашуд. Завқи ҷафову лаззати пайкони ғам наёфт, Ҳар дил, ки захми тири балоро сипар нашу
Ҳуснаш хати девонагӣ бар дафтари мо мекашад,
Ҳуснаш хати девонагӣ бар дафтари мо мекашад, Моро зи хатти сабзи ӯ хотир ба саҳро мекашад. Шакли санавбар шуд дилам моил суи болои ӯ, З–он рӯ, ки сарви қоматаш
Ҳар кӣ бар абруву чашмат нигарон хоҳад шуд,
Ҳар кӣ бар абруву чашмат нигарон хоҳад шуд, Оқибат куштаи он тиру камон хоҳад шуд. Агар он рӯи дилорой нахоҳӣ пӯшид, Фитнаи оламу ошӯби ҷаҳон хоҳад шуд.
Сироти мо раҳи майхона бошад,
Сироти мо раҳи майхона бошад, Биҳишти мо рухи ҷонона бошад. На Тӯбо хуштар аз болои дилбар, На Кавсар беҳтар аз паймона бошад.
Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад?
Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад? Зар дар чӣ шумор ояду динор чӣ бошад? Қандил чӣ қадр ораду тасбеҳ чӣ қимат, Соғар чӣ зиён дораду зуннор чӣ бошад?
Касе, к-аз ишқ фонӣ шуд, чунин бошад, чунин бошад,
Касе, к-аз ишқ фонӣ шуд, чунин бошад, чунин бошад, Нишони мавҷ аз дарё ҳамин бошад, ҳамин бошад. Диле, к-ӯ ҷумла ҷон гардад, на он гардад, на ин гардад, Чу санг
Моро сари куфру ғами ислом набошад,
Моро сари куфру ғами ислом набошад, Ҷое, ки ҳама нанг бувад, ном набошад. Дар маҷлиси хосон дафу чангу маю соқӣ Хуш бошад, агар дарди сари ом набошад.
Ушшоқи туро дарди сари ом набошад,
Ушшоқи туро дарди сари ом набошад, Дар доираи сӯхтагон хом набошад. Дар боргаҳи ишқ хирадро набувад роҳ, К-он маҷлиси хос аст, раҳи ом набошад.
Дар пояш афканам сар, то дарди сар набошад,
Дар пояш афканам сар, то дарди сар набошад, Бо зулфи ӯ диҳам дил, то дил дигар набошад. Рӯзе ба ёди зулфаш гар шаб ба рӯз орам, Бояд ки ҷуз рухи ӯ шабро саҳар н
Ҳар кас, ки муқими дари хаммор набошад,
Ҳар кас, ки муқими дари хаммор набошад, Дар мазҳаби мо оқилу ҳушёр набошад. Гар илми яқин аст туро, айни яқин ҷӯй, К–он тоифаро кибр ба хирвор набошад.