Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гар аз даҳани танги ту мақсуд барояд,
Гар аз даҳани танги ту мақсуд барояд, Аз нақши адам сурати мавҷуд барояд. Гуфтем, ки гирем каноре зи миёнат, Ин буд муроде, ки зи нобуд барояд.
Бо партави рухсори ту маҳ тоб надорад,
Бо партави рухсори ту маҳ тоб надорад, Бо лутфи буногӯши ту гул об надорад. Ширинии шаҳди ту зи шаккар натвон ёфт, Таъми лаби ширини ту унноб надорад.
Агар он сарви гуландом ба рафтор ояд,
Агар он сарви гуландом ба рафтор ояд, Ба ҳавояш дили ошуфта гирифтор ояд. Зоҳиди шаҳр зи чашми хуши ӯ масту хароб, Равад аз савмаа, дар гӯшаи хаммор ояд.
Дилбар агар ба коми дили ман намешавад,
Дилбар агар ба коми дили ман намешавад, Ман розиям зи дӯст, ки душман намешавад. Ҳар кас, ки хамчу пири фалак хӯшачин нашуд, Чун меҳру моҳ соҳиби хирман намешав
Гар чу писта даҳани танги ту дар ханда шавад,
Гар чу писта даҳани танги ту дар ханда шавад, Пистаро пӯст зи тан пеши ту барканда шавад. Чун бибинад қади болои туро, нест аҷаб, Сарви озод ба ҷону дил агар ба
Дили ман хун шуду то хун нашавад, дил нашавад,
Дили ман хун шуду то хун нашавад, дил нашавад, Ҷон ба лаб омаду коме зи ту ҳосил нашавад. Ёсамин дид қадат дар чаману моил шуд, Кист, к-ӯ қадди туро бинаду моил
Гар подшаҳ ба кӯи ту ояд, гадо шавад,
Гар подшаҳ ба кӯи ту ояд, гадо шавад, Дар кӯи ту гадо биравад, подшо шавад. Махром ҳар тараф, ки зи қадди ту кори ҳусн Боло гирифтаасту мабодо бало шавад.
Рӯй дар масҷиду дил сокини хаммор чӣ суд?
Рӯй дар масҷиду дил сокини хаммор чӣ суд? Хирқа бар дӯшу миён баста ба зуннор чӣ суд? Ҳар кӣ дар пеши бутон саҷда кунад дар хилват, Лофи имон заданаш бар сари б
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад, Ҳаргиз аз ёди ман он зулфи парешон наравад. Аз димоғи мани савдозада акси рухи ту Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон нар
Ёр танҳо шуду он беҳ, ки ба танҳо наравад,
Ёр танҳо шуду он беҳ, ки ба танҳо наравад, Ҷони ман рафт бад–ӯ, то тани танҳо наравад. Ӯ ҳамерафт чу боду зи тани хокии ман Гард овехта дар домани ӯ, то наравад
Дӯш дар маҷлис кабоби мо зи сӯзи сина буд,
Дӯш дар маҷлис кабоби мо зи сӯзи сина буд, Бедилонро ашки рангин бодаи дӯшина буд. Дар дилу чашмам хаёли ӯ ҳама шаб то ба рӯз Ҳамчу маҳ дар чашмаву хуршед дар о
Даҷларо имсол рафторе аҷаб мастона буд,
Даҷларо имсол рафторе аҷаб мастона буд, Пой дар занҷиру каф бар лаб, магар девона буд? Чарх мезад обу бармегашт дар гирди ҳисор, Гӯиё Бағдод шамъу Даҷла чун пар
Бо рухаш моҳи осмон чӣ бувад,
Бо рухаш моҳи осмон чӣ бувад, Зарра бо меҳр ҳамъинон чӣ бувад? Пеши чашмаш хадангро чӣ маҳал, Назди абрӯи ӯ камон чӣ бувад?
Мегузашту зи ҳаё чеҳра барафрӯхта буд,
Мегузашту зи ҳаё чеҳра барафрӯхта буд, Эй басо хона, ки аз оташи ӯ сӯхта буд. Чун камонхонаи абрӯ бикушод аз ғамза, Чашм дар дидаи соҳибназарон дӯхта буд.
Дар азал қиблаи ҷонҳо хами абрӯи ту буд,
Дар азал қиблаи ҷонҳо хами абрӯи ту буд, Рӯи ту сӯи дилу рӯи дилам сӯи ту буд. Пеш аз он рӯз, ки хуршеди фалак нур надошт, Олами ишқ мунаввар зи маҳи рӯи ту буд
Сари савдозадаам дӯш ба болини кӣ буд?
Сари савдозадаам дӯш ба болини кӣ буд? Ҳалқаи гӯши ман аз гесуи мушкини кӣ буд? Нуқли маҷлис ҳама шаб пистаи пуршӯри кӣ шуд? Ҷоми май бар даҳанам аз лаби ширини
Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд,
Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд, Меҳри ту буд дар дилу дил дар ҷаҳон набуд. Нақши ту дар хаёлу хаёл аз назар ҷудо, Номи ту бар забону забон дар даҳон наб
То нагуфтӣ сухане, нақши даҳон ҳеч набуд,
То нагуфтӣ сухане, нақши даҳон ҳеч набуд, То набастӣ камаре, шакли миён ҳеч набуд. То нахандид лаби лаъли ту бар гиряи ман, Дар тани хокии мо гавҳари ҷон ҳеч на
Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд?
Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд? Ҳар куҷо чашми хушу зулфи дуто хоҳад буд. Гар аз ин шева бувад меҳри туву ҷаври рақиб, Қосиду ҳамдами ман боди сабо
Пеш аз он к–ин шахси номавҷуди ман мавҷуд буд,
Пеш аз он к–ин шахси номавҷуди ман мавҷуд буд, Кӯи ёрам мақсаду рӯи туям мақсуд буд. Пеш аз он к–оби бақоро хушкрӯди тан бидид, Ҷоми май бар дастаму дар гӯш бон
Дӯш дар фикри ман он шакли қади боло буд,
Дӯш дар фикри ман он шакли қади боло буд, Назари ҳиммати ман аз тарафи боло буд. Дида мезад ҳама шаб нақши хаёлат бар об, Пеши соҳибназарон рози ниҳон пайдо буд
Риндони покрав, ки ба кӯрон асо диҳанд,
Риндони покрав, ки ба кӯрон асо диҳанд, Акнун зарурат аст, ки навбат ба мо диҳанд. Чун интиҳои ройи ту равшан намешавад, Ҳар кас нишон зи манзили васлат чаро ди
Он ду ҳабашизода, ки бар рӯй давонанд,
Он ду ҳабашизода, ки бар рӯй давонанд, Дар пой биафтанд, гар аз дида биронанд. Густохии ҳиндубачагон бин, ки ба шӯхӣ Доим зи раҳи дида суйи Рум давонанд.
Риндаму ошиқу девона ба овози баланд,
Риндаму ошиқу девона ба овози баланд, Айби маъбуд макун зоҳиду бар риш маханд. Завқи дайрам на чунон силсила меҷунбонад, Ки тавон доштанам сокини масҷид якчанд.
Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад,
Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад, Лола соғар медиҳад, булбул тараннум мекунад. Савти мутриб роҳи исломи халоиқ мезанад, Чашми соқӣ ғорати имони мардум