Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ба пурсише дили ман шод кун, ки ғамгинам,

👁 8

Ба пурсише дили ман шод кун, ки ғамгинам, Бибахшам аз лаби худ бӯсае, ки мискинам. Ҳалокгаштаи он ғамзаҳои хунрезам, Бабодрафтаи он турраҳои мушкинам.

Н
Носири Бухороӣ

Аз ман макун ҷудоӣ, эй ёри нозанинам,

👁 7

Аз ман макун ҷудоӣ, эй ёри нозанинам, К-аз дурии ту, ҷоно, бо дарди дил қаринам. Доман чӣ мефишонӣ аз ман, ки хоки роҳам, Аз ман чӣ мекаши по, ман камтар аз зам

Н
Носири Бухороӣ

Вақти он омад, ки азми кӯи шайдоӣ кунам,

👁 5

Вақти он омад, ки азми кӯи шайдоӣ кунам, Бо хаёли чашми мастат бодапаймоӣ кунам. Нақди ҳастӣ бар дари дуккони қаллошӣ ниҳам, Рахти дониш бар сари бозори расвоӣ

Н
Носири Бухороӣ

Ба абруят, ки нишаста ба гӯшае чу камонам,

👁 4

Ба абруят, ки нишаста ба гӯшае чу камонам, Ба чашми ту, ки чу наргис ба суратат нигаронам. Турост бар варақи гул кашида хатти сиёҳе, Ки ман ҳақиқати олам дар он

Н
Носири Бухороӣ

Чун ёди лаълат орам, ширин шавад забонам,

👁 5

Чун ёди лаълат орам, ширин шавад забонам, Гӯям ҳадиси зулфат, мушкин кунад даҳонам. Май аҳди суҳбати ту бастат чунон, ки бо ман Монад муҳаббати ту, рӯзе ки ман

Н
Носири Бухороӣ

Рӯзгорест ки ман шефтаи рӯйи фалонам,

👁 5

Рӯзгорест ки ман шефтаи рӯйи фалонам, Рӯзу шаб ҳамчу сари зулфи парешонаш аз онам. Хуррам он мурдани фархунда, ки пешам ба аёдат Дӯст биншинаду ҷон дар қадами д

Н
Носири Бухороӣ

Имрӯз, ки хоки дари дайр аст мақомам,

👁 4

Имрӯз, ки хоки дари дайр аст мақомам, Гар бода ба ёдат нахӯрам, бод ҳаромам. Дар гӯши қадаҳ номи ту мегуфт суроҳӣ, З-он рӯз ҳаводори маю ҳамдами ҷомам.

Н
Носири Бухороӣ

Ман он риндам, ки куфру дин ба ҷоми бода бифрӯшам,

👁 6

Ман он риндам, ки куфру дин ба ҷоми бода бифрӯшам, Ба ёди ёр бе дарди сари ағёр май нӯшам. Барорам дӯзах аз сина, ки дар ҷаннат занам оташ, Агар аз шавқи дидора

Н
Носири Бухороӣ

Рӯзгорест, ки ман ошиқу девонавашам,

👁 5

Рӯзгорест, ки ман ошиқу девонавашам, Вақтҳо аз сари мастӣ қадаҳе низ кашам. Нохуш аст, он ки зи олам ба хушонаш хуш нест, Рӯйи ман чун ба хушон аст, аз он рӯй х

Н
Носири Бухороӣ

Гар дам аз ишқ занам, ҳамдами ҷоме бошам,

👁 7

Гар дам аз ишқ занам, ҳамдами ҷоме бошам, В-ар зи май тавба кунам, зоҳиди хоме бошам. Зулфу холе набувад раҳзани соҳибназарон, Баҳри як дона чаро бастаи доме бо

Н
Носири Бухороӣ

Хирқа дар оташу саҷҷода ба об андозам,

👁 7

Хирқа дар оташу саҷҷода ба об андозам, Хештанро ба хароботи хароб андозам. Бонги абрешим аз ин хирқаи пашмина беҳ аст, Чанг дар хирқа занам, пеши рубоб андозам.

Н
Носири Бухороӣ

Эй бурда фироқат зи дили хаста қарорам,

👁 10

Эй бурда фироқат зи дили хаста қарорам, Дарёб, ки ман тоқати ҳаҷри ту надорам. Умрест, ки бе рӯи ту, эй сарви хиромон, Мегардаму мегиряму дар нолаву зорам.

Н
Носири Бухороӣ

Риндию ҳаваснокӣ аз рӯзи азал дорам,

👁 5

Риндию ҳаваснокӣ аз рӯзи азал дорам, Гар гардам аз ин холӣ, дар ишқ халал дорам. Қавлу амали воиз бисёр мухолиф шуд, Дар рост ман аз мутриб сад қавлу амал дорам

Н
Носири Бухороӣ

То зулфи ту бардоштаму рӯи ту дидам,

👁 8

То зулфи ту бардоштаму рӯи ту дидам, Дар васф наёмад, ки чӣ дидам, чӣ кашидам. Ҷонам шаби ҳаҷри ту чу соғар ба лаб омад В-аз лаъли ту як рӯз ба коме нарасидам.

Н
Носири Бухороӣ

Эй дида, чӣ дидӣ зи мани хаста, ки ҳар дам

👁 10

Эй дида, чӣ дидӣ зи мани хаста, ки ҳар дам Аз хуни ҷигар сурх кунӣ чеҳраи зардам? Дармонда ба дармони дилам халқи ду олам, В-огаҳ на табиби мани бечора зи дарда

Н
Носири Бухороӣ

Ҷумла вуҷуди ман туӣ, ман зи ҷаҳон бурун шудам,

👁 6

Ҷумла вуҷуди ман туӣ, ман зи ҷаҳон бурун шудам, Дурри гаронбаҳо будам, ғарқаи мавҷи хун щудам. Ман зи нахуст дар ҷаҳон фош будам ба ақлу ҷон, Ишқ гирифт ину он,

Н
Носири Бухороӣ

Сарвро дидаму болои ту омад ёдам,

👁 7

Сарвро дидаму болои ту омад ёдам, Зикри гул кардаму дар фикри рухат афтодам. Дар чаман рафтаму бо лолаву гулзори рухат Сифате кардаму доғе ба дилаш бинҳодам.

Н
Носири Бухороӣ

Риндона сокини сари кӯйи маломатам,

👁 7

Риндона сокини сари кӯйи маломатам, Миннат, ки бо ҳазор маломат саломатам. Зоҳид маро ба роҳи саломат диҳад фиреб, Донад магар, ки толиби роҳи саломатам?

Н
Носири Бухороӣ

Ман агар аз сари мастӣ ба ҷунун пайвастам,

👁 7

Ман агар аз сари мастӣ ба ҷунун пайвастам, Ба сари дӯст, ки девона наям, сармастам. Ман аз ин ҳастии худ ҳам ба гумон меафтам, Нест маълум, ки ман нест шудам ё

Н
Носири Бухороӣ

Ман гирди мастон даврҳо чун ҷоми май гардидаам,

👁 5

Ман гирди мастон даврҳо чун ҷоми май гардидаам, Ҷуз лаъли дилбар ҳосиле беҳосилам, гар дидаам. Савдои чашми хешро ҳолӣ зи сар бурун кунам, Аз акси нури рӯи ту х

Н
Носири Бухороӣ

Ба дарди ишқ дармондам, раҳи дармон намеёбам,

👁 7

Ба дарди ишқ дармондам, раҳи дармон намеёбам, Ки он мақсуд душвор асту ман осон намеёбам. Зи меҳри рангу рухсораш назар дорам ба гул, аммо Сабук безор мегардам,

Н
Носири Бухороӣ

Дигар раҳ бар Худо кардам таваккул,

👁 7

Дигар раҳ бар Худо кардам таваккул, Маро аз хори ин раҳ бишкуфад гул. Маро бо ишқи хубон ҷонибе ҳаст, Ки майли ҷузв бошад ҷониби кул.

Н
Носири Бухороӣ

Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол

👁 6

Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол Ба дарди ҳаҷр бимурданд бар умеди висол. Касе ба даври фурӯмоя дил чаро бандад, Ки дам ба дам мутағаййир шавад зи ҳол ба ҳол.

Н
Носири Бухороӣ

Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ,

👁 6

Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ, Эй зулфи парешони ту маҷмӯи халоиқ. Бо орази ту дил набарад номи раёҳин, Бо чеҳраи ту кас набарад номи шақоиқ.

Н
Носири Бухороӣ

Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ,

👁 8

Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ, Ғарқа шуд дар баҳри бепоёни ишқ. Дил чӣ бошад, қатрае аз баҳри шавқ, Ҷон чӣ бошад, гавҳаре аз кони ишқ.

Н
Носири Бухороӣ
Саҳифаи 4 аз 16