Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ин хами болои дутоҳи ман аст,

👁 6

Ин хами болои дутоҳи ман аст, Ё хзаёли абрӯи моҳи ман аст. Ашки ман бар хоки раҳ диду бигуфт, К-ин чӣ хунҳо дар гузаргоҳи ман аст?!

Н
Носири Бухороӣ

Шамоили ту, ба ҳар ҳол, дар хаёли ман аст,

👁 7

Шамоили ту, ба ҳар ҳол, дар хаёли ман аст, Зиҳӣ хаёл, ки дар эҳтимоми ҳоли ман аст. Намонд дар назарам нақши ҳеҷ меҳробе, Ҷуз абруи ту, ки пайваста дар хаёли ма

Н
Носири Бухороӣ

Парешонам чу зулфат, ҳолам ин аст,

👁 3

Парешонам чу зулфат, ҳолам ин аст, Бигуфтам мӯ ба мӯ - аҳволам ин аст. Кашам дарёи хун аз дида ҳар дам, Дамодам ҷоми моломолам ин аст.

Н
Носири Бухороӣ

Дил пур аз дарду дида пурхун аст,

👁 6

Дил пур аз дарду дида пурхун аст, Ҳолам ин аст, ҳоли ту чун аст? Умри Маҷнун агар равад, гӯ: бош, Ҷони Лайлӣ, ки умри Маҷнун аст.

Н
Носири Бухороӣ

Маро аз теғи ҳиҷрон дил дуним аст,

👁 3

Маро аз теғи ҳиҷрон дил дуним аст, Ки аз васлаш умед, аз ҳаҷр бим аст. Ҳадиси замҳарир аз оҳи ман пурс, Ки андар синаам нори ҷаҳим аст.

Н
Носири Бухороӣ

Хидмати пири муғон мазҳаби деринаи мост,

👁 8

Хидмати пири муғон мазҳаби деринаи мост, Саҷда дар пеши бутон пешаи пешинаи мост. Гар бихоҳем, ки бинем рухи худро сурх, Майи равшан ба каф орем, ки оинаи мост.

Н
Носири Бухороӣ

Ҷомаи мақсуди дил ҳаст ба қадди ту рост,

👁 5

Ҷомаи мақсуди дил ҳаст ба қадди ту рост, Чеҳраи зебои ту сурати маънии мост. Нақши муроди дилам гум шуда буд аз азал, Менигарам дар рухат, бо назарам ошност.

Н
Носири Бухороӣ

То доғи меҳри ёр чу маҳ бар ҷабини мост,

👁 4

То доғи меҳри ёр чу маҳ бар ҷабини мост, Хуршед шуълае зи дами оташини мост. Мо ҳамчу зарраем хаводору ҳар саҳар, Шамшери меҳр ғарқа ба хун баҳри кини мост.

Н
Носири Бухороӣ

То танам, эй ҷони ширин, аз висоли ту ҷудост,

👁 7

То танам, эй ҷони ширин, аз висоли ту ҷудост, Ҳар бало, к-аз чарх нозил мешавад, бар ҷони мост. Ҳаҷр, к-ӯ меоварад, ғам ҳамнишини ман шудаст, Ё Раб, он васле ки

Н
Носири Бухороӣ

Умрест, то хаёли ту дар аҳди ҷони мост,

👁 5

Умрест, то хаёли ту дар аҳди ҷони мост, Ёди ту мӯниси дилу вирди забони мост. Дар меҳнати фироқи ту хун шуд дилу ҳанӯз Меҳри ту дар миёни дили хунфишони мост.

Н
Носири Бухороӣ

Меҳр чун соя раҳнишини шумост,

👁 9

Меҳр чун соя раҳнишини шумост, Муҳри иқбол дар нигини шумост. Қоба қавсайн шакли абруйи туст, Соқи арш андар остини шумост.

Н
Носири Бухороӣ

Фақеҳи кавдани мискин на марди суҳбати мост,

👁 6

Фақеҳи кавдани мискин на марди суҳбати мост, Биёр бода, ки ин як-дурӯза навбати мост. Муқими кӯйи муғонему ринду ошиқу маст, Кунун, ки рӯзи висол аст, субҳи дав

Н
Носири Бухороӣ

Эй ки хаёли рӯи ту нақши сарочаи дил аст,

👁 7

Эй ки хаёли рӯи ту нақши сарочаи дил аст, Раҳ набарӣ ба ҳеҷ рӯ, ҷойи ту хонаи гил аст. Ҳосилам аз ҷаҳону ҷон дарди сарест, чун маро Аз дили номуроди худ ҷумла м

Н
Носири Бухороӣ

Соқӣ, бидеҳ он бода, ки хуршеди сабуҳ аст,

👁 3

Соқӣ, бидеҳ он бода, ки хуршеди сабуҳ аст, Роҳат сабаби рӯҳи дилу роҳати рӯҳ аст. Тӯфони бало гирди ҷаҳон мавҷ баровард, Май хӯр, чӣ хӯрӣ ғам, ки қадаҳ киштии Н

Н
Носири Бухороӣ

Маро остонат паноҳе хуш аст,

👁 5

Маро остонат паноҳе хуш аст, Ки хоки дарат такягоҳе хуш аст. Аз он хозини равза шуд чун Билол, Ки ҳиндуи холат сиёҳе хуш аст.

Н
Носири Бухороӣ

Аз оташи май дар хуми хаммор чӣ ҷӯш аст,

👁 6

Аз оташи май дар хуми хаммор чӣ ҷӯш аст, Дар майкада аз ҷӯшиши мастон чӣ хурӯш аст? Он кас, ки ба як ҷав нахарад мулки ду олам, Ринде зи гадоёни дари бодафурӯш

Н
Носири Бухороӣ

Май кумайти бодпойи тунду тезу саркаш аст,

👁 5

Май кумайти бодпойи тунду тезу саркаш аст, Моҳи наъли тезрав монанди обу оташ аст. Хоки разро гар на аз хуни Сиёвуш аст об, Бода мардафкан чаро гардид, гӯйӣ сар

Н
Носири Бухороӣ

Узри равшан ишқро рӯят бас аст,

👁 5

Узри равшан ишқро рӯят бас аст, Банди роҳи ошиқон мӯят бас аст. Туҳмати тиру камон бар худ мабанд, Оламеро чашму абрӯят бас аст.

Н
Носири Бухороӣ

Зи дил кабобу зи дида шароб дар назар аст,

👁 8

Зи дил кабобу зи дида шароб дар назар аст, Биё, ки ҷумла шаробу кабоб дар назар аст. Агар чу сарв туро майли гӯшаи об аст, Гузар ба гӯшаи чашмам, ки об дар наза

Н
Носири Бухороӣ

Тоқи абрӯйи ту пайвастаи даври қамар аст,

👁 6

Тоқи абрӯйи ту пайвастаи даври қамар аст, Шаби гесӯи ту наздики тулӯи саҳар аст. Моҳи рухсори ту ҳар шаб, ки бигардад толеъ, Чашми бедори ман аз аз ашк ситорашу

Н
Носири Бухороӣ

Ба тамомӣ рухи ту моҳи тамоми дигар аст,

👁 9

Ба тамомӣ рухи ту моҳи тамоми дигар аст, Сарви озод ба пеши ту ғуломи дигар аст. Ҳама аз ишқи ту мастанду ман аз ишқи ту паст, Масти ин майкадаро бода зи ҷоми д

Н
Носири Бухороӣ

Зулфи сиёҳат пеши рух, ҳинду ба маҳтоб андар аст,

👁 7

Зулфи сиёҳат пеши рух, ҳинду ба маҳтоб андар аст, Дар оби дида рӯйи ман чун зар ба симоб андар аст. Дар даври чашми кофарат гӯйӣ мусулмонӣ намонд, К-он масти ҷо

Н
Носири Бухороӣ

Ҳеҷ донӣ ки чаро ҳамнафаси ман бод аст?

👁 5

Ҳеҷ донӣ ки чаро ҳамнафаси ман бод аст? З-он ки рози дили ман пеши касе накшодаст. З-оби чашме, ки ба хуни ҷигараш парвардам, Моҷарои дили шӯрида бурун афтодаст

Н
Носири Бухороӣ

Бар хони ҳусни ту намаке аз малоҳат аст,

👁 7

Бар хони ҳусни ту намаке аз малоҳат аст, Моро аз ӯ насиб намак бар ҷароҳат аст. Соқӣ, биёр роҳ, ки роҳат диҳад ба рӯҳ, К-ин роҳ рӯҳи ман ҳама аз ранҷи роҳат аст

Н
Носири Бухороӣ

Бар ҷаноби ишқ дил беқадру ҷон беқиммат аст,

👁 6

Бар ҷаноби ишқ дил беқадру ҷон беқиммат аст, То напиндорӣ азизонро бар ин дар иззат аст. Ҳар кӣ хоки пойи ту шуд, гашт соҳибэҳтиром, Дил ки дорад майли болои ту

Н
Носири Бухороӣ
Саҳифаи 13 аз 16