Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро, Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез, Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро, Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро. Шакарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро?
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт Канори оби Рукнободу г
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо? Бибин тафовути раҳ, к-аз куҷост то ба куҷо. Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус, Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?
Ало, ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо
Ало, ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо, Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо. Ба бӯйи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд, Зи тоби ҷаъди мушкинаш ч
Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем
Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем, Дебо натавон кардан аз ин пашм, ки риштем. Бар ҳарфи маосӣ хати узре накашидем, Паҳлуи кабоир ҳасаноте нанавиштем.
Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак
Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак, Ҳақ нигаҳ дор, ки ман меравам, аллоҳ маак. Туй он гавҳари покиза, ки дар олами қудс Зикри хайри ту бувад ҳосили тасбеҳ
Ҳар кӣ хасм андар ӯ каманд андохт
Ҳар кӣ хасм андар ӯ каманд андохт, Ба муроди ваяш бибояд сохт. Ҳар кӣ ошиқ набуд, мард нашуд, Нуқра фоиқ нагашт, то нагудохт.
Мутаносибанду мавзун ҳаракоти дилфиребат
Мутаносибанду мавзун ҳаракоти дилфиребат, Мутаваҷҷиҳ аст бо мо суханони беҳисебат. Чу наметавон сабурӣ, ситамат кашам зарурӣ, Магар одамӣ набошад, ки биранҷад а
Сармаст даромад аз харобот
Сармаст даромад аз харобот, Бо ақли хароб дар муноҷот. Бар хок фиканда хирқаи зуҳд, В-оташ зада бар либоси томот.
Моҳрӯё, рӯи хуб аз ман матоб
Моҳрӯё, рӯи хуб аз ман матоб, Бехато куштан чӣ мебинӣ савоб. Дӯш дар хобам дар оғӯш омадӣ, В-ин напиндорам, ки бинам ҷуз ба хоб.
Моро ҳама шаб намебарад хоб
Моро ҳама шаб намебарад хоб, Эй хуфтаи рӯзгор, дарёб! Дар бодия ташнагон бимурданд, В-аз Даҷла ба Кӯфа меравад об.
Агар ту барфиканӣ дар миёни шаҳр ниқоб
Агар ту барфиканӣ дар миёни шаҳр ниқоб, Ҳазор муъмини мухлис дарафканӣ ба иқоб. Киро маҷоли назар бар ҷамоли маймунат, Бад-ин сифат, ки ту дил мебарӣ варои ҳиҷо
Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо
Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо, Бехештанам кардӣ бӯи гулу райҳонҳо. Гаҳ наъра задӣ булбул, гаҳ ҷома даридӣ гул, Бо ёди ту афтодам, аз ёд бирафт онҳо.
Рафтем, агар малул шудӣ аз нишасти мо
Рафтем, агар малул шудӣ аз нишасти мо, Фармой хидмате, ки барояд зи дасти мо. Бархостему нақши ту дар нафси мо чунон-к Ҳар ҷо ки ҳаст, бе ту набошад нишасти мо.
Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро
Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро, В-ин диловезию дилбандӣ набошад мӯйро. Рӯй агар пинҳон кунад сангиндили симинбадан, Мушк ғаммоз аст, натвонад ниҳуфтан бӯй
Тафовуте накунад қадри подшоеро
Тафовуте накунад қадри подшоеро, Ки илтифот кунад камтарин гадоеро. Ба ҷони дӯст, ки душман бад-ин ризо надиҳад, Ки дар ба рӯй бибанданд ошноеро.
Лоуболӣ чӣ кунад дафтари доноиро?
Лоуболӣ чӣ кунад дафтари доноиро? Тоқати ваъз набошад сари савдоиро. Обро қавли ту бо оташ агар ҷамъ кунад, Натавонад, ки кунад ишқу шикебоиро.
Камони сахт кӣ дод он латифбозуро
Камони сахт кӣ дод он латифбозуро, Ки тири ғамза тамом аст сайди оҳуро. Ҳазор сайди дилат пеши тир боз ояд, Бад-ин сифат, ки ту дорӣ камони абрӯро.
Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи ёқути равонро
Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи ёқути равонро, Ёқут чӣ арзад? Бидеҳ он қути равонро. Аввал падари пир хурад ратли дамодам, То муддаъиён ҳеч нагӯянд ҷавонро.
Чӣ кунад банда, ки гардан наниҳад фармонро?
Чӣ кунад банда, ки гардан наниҳад фармонро? Чӣ кунад гӯй, ки оҷиз нашавад чавгонро? Сарвболои камонабрӯ агар тир занад, Ошиқ он аст, ки бар дида ниҳад пайконро.
То бувад бори ғамат бар дили беҳуш маро
То бувад бори ғамат бар дили беҳуш маро, Сӯзи ишқат нанишонад зи ҷигар ҷӯш маро. Нагзарад ёди гулу сунбулам андар хотир, То ба хотир бувад он зулфу буногӯш маро
Бархез, то яксӯ ниҳем ин далқи азрақфомро
Бархез, то яксӯ ниҳем ин далқи азрақфомро, Бар боди қаллошӣ диҳем ин ширки тақвономро. Ҳар соат аз нав қиблае бо бутпарасте меравад, Тавҳид бар мо арза кун, то
Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро
Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро, Ё вақти бедорӣ ғалат будаст мурғи бомро? Як лаҳза буд ин ё шабе, к-аз умри мо тороҷ шуд? Мо ҳамчунон лаб бар лабе,
Ваҳ, ки ман гар боз бинам рӯи ёри хешро
Ваҳ, ки ман гар боз бинам рӯи ёри хешро, То қиёмат шукр гӯям кирдгори хешро. Ёри борафтодаро дар корвон бигзоштанд, Бевафо ёрон, ки барбастанд бори хешро.