Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Дар тароват ҳеҷ боғе беҳ зи боғи гиря нест
Дар тароват ҳеҷ боғе беҳ зи боғи гиря нест, Партави хуршед равшан чун чароғи гиря нест. Майкашон ашки надомат з-он ки ҳангоми шароб Нашъаи осудагӣ ҷуз дар аёғи
Зиндагонӣ чист? – Дар пои гулистон зистан
Зиндагонӣ чист? – Дар пои гулистон зистан, Бо парирӯён ба коми хеш мастон зистан. Даъвии ҳусну ба рӯи хеш афкандан ниқоб, Оби ҳайвон хӯрдану чун Хизр пинҳон зис
Оташе кӯ, ки ба дил сӯзи дигар тоза кунам?
Оташе кӯ, ки ба дил сӯзи дигар тоза кунам? Ин кӯҳан доғи ҷунунро ба ҷигар тоза кунам. Ман, ки савдозадаи ишқу ҷунунам, чӣ аҷаб: Бар сари доғ агар доғи дигар тоз
То ба ғам ҳамдам шудам, аз меҳнату ғам фориғам
То ба ғам ҳамдам шудам, аз меҳнату ғам фориғам, Бо мусибат то гирифтам хӯ, зи мотам фориғам. Пеши сабри мо гирифторию озодӣ якест, Ҳамчу Маҷнун аз баду неки ду
То кай шамидани гул, баҳри димоғ ҳар дам
То кай шамидани гул, баҳри димоғ ҳар дам? То кай тавон гузаштан бар тарфи боғ ҳар дам. Сандуқи синаи ман рашки гуласту гулшан, Дорам басе нуҳуфта дар сина доғ ҳ
Манам, к-аз захми ғам хӯрдан хурӯшидан намедонам,
Манам, к-аз захми ғам хӯрдан хурӯшидан намедонам, Ба ҷуз хунобаи дил, ҷом нӯшидан намедонам. Ман он парвонаи ишқам, ки гар сӯзад маро шамъам Зи истелои ишқи ӯ х
Доим аз гиря бувад дида ба об олуда
Доим аз гиря бувад дида ба об олуда, Тарки мастӣ накунад лаб ба шароб олуда. Шишаи ман зи маи хуни ҷигар лабрез аст, Ман аз он менакунам лаб ба шароб олуда.
Баски ниҳодам ба дил доғи таманнои ту
Баски ниҳодам ба дил доғи таманнои ту, Шуъла зад аз синаам оташи савдои ту! Гашт чаман ғарқи хун, баски зи теғи нигоҳ, Хуни асирон бирехт наргиси шаҳлои ту.
Зад шуъла оташе ба дил, эй дида, об ку?
Зад шуъла оташе ба дил, эй дида, об ку? Эй дида, сели ашки туро изтироб ку? Гар нест аҳди кайфи ҷавонӣ чу кимиё, Он нашъаҳои масти аҳди шубоб ку?
Навмед зи дидори ту то чанд тавон буд?
Навмед зи дидори ту то чанд тавон буд? То чанд ба уммеди ту хурсанд тавон буд? Лабташнаву дилхаставу саргаштаву ҳайрон Бо дарду ғами ҳаҷри ту то чанд тавон буд?
Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад
Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад, Бишкуфам чун булбуле, к-аз дидани гул бишкуфад. Гар сабо орад шамими пираҳан сӯи чаман, Ғунчаро дил дар даруни сина
Боз мавҷи сели ашкам дам зи тӯфон мезанад
Боз мавҷи сели ашкам дам зи тӯфон мезанад, Чашмасори дидаам паҳлуи Уммон мезанад. Ин сари шӯрида савдои ҷунуне мебарад, В-ин дили девонаам дам аз биёбон мезанад
Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро
Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро? Нозу карашма бас бувад дилшудаи ниёзро. Риштаи дил гиреҳ-гиреҳ шуд ба даруни синаам, Баски ба дил гиреҳ задам оҳи ҷиг
Ҳанӯзам з-оби дида Даҷлае ҳаст
Ҳанӯзам з-оби дида Даҷлае ҳаст, Ниҳон дар дуди оҳам шуълае ҳаст. Сари ҳар хор маҷнуни ғизол аст Ба водӣ то зи оҳу галлае ҳаст.
Моему гиряе, ки ба тӯфон мусоҳиб аст
Моему гиряе, ки ба тӯфон мусоҳиб аст, Мижгони дидае, ки ба марҷон мусоҳиб аст. Маҷнунсифат зи дурии васли ту дур нест Дасти алам ба чоки гиребон мусоҳиб аст.
Аз дарди дилам мурғи наворо кӣ хабар кард
Аз дарди дилам мурғи наворо кӣ хабар кард? Дар боғи дилам боди саборо кӣ хабар кард? Бахти сияҳам буд ниҳон аз назари халқ, Шабро кӣ нишон доду нидоро кӣ хабар
Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад
Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад, Ба заҳр олуда тири нолае андохтан дорад. Ситамгорон намедонам, киро ғорат кунанд имшаб? Сипоҳи нолаву оҳам ҳавои
Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост
Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост, Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост. Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ, Дар муҳаббат комила
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост, Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост. Карашма теғу нигаҳ ханҷару мижа алмос, Шаҳодат ар талабӣ, Дашти Карбало ин ҷост.
Дӯш аз масҷид суи майхона омад пири мо
Дӯш аз масҷид суи майхона омад пири мо, Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо? Мо, муридон, рӯй сӯи қибла чун орем, чун Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо?
Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро
Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро, Мерасад муждаи гул булбули хушалҳонро. Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ, Хидмати мо бирасон сарву гулу райҳонро.
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро, Хок бар сар кун ғами айёмро! Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар Баркашам ин далқи азрақфомро.
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро, То бингарӣ сафои майи лаълфомро. Рози даруни парда зи риндони маст пурс, К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро, Ки ба шукри подшоҳӣ зи назар марон гадоро. Зи рақиби девсират ба Худои худ паноҳам, Магар он шаҳоби соқиб мададе диҳад