Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Силсилаи мӯи дӯст ҳалқаи доми балост
Силсилаи мӯи дӯст ҳалқаи доми балост, Ҳар кӣ дар ин ҳалқа нест, фориғ аз ин моҷарост. Гар бизанандам ба теғ дар назараш бе дареғ, Дидани ӯ як назар сад чу манаш
Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост
Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост, Аз хона бурун омаду бозор биёрост. Дар ваҳм нагунҷад, ки чӣ дилбанду чӣ ширин, Дар васф наёяд, ки чӣ матбӯъу чӣ зебост.
Хуш меравад ин писар, ки бархост
Хуш меравад ин писар, ки бархост, Сарвест, чунин ки меравад рост. Абрӯш камони қатли ошиқ, Гесӯш каманди ақли доност.
Бӯи гулу бонги мурғ бархост
Бӯи гулу бонги мурғ бархост, Ҳангоми нишоту рӯзи саҳрост. Фарроши хазон варақ бияфшонд, Наққоши сабо чаман биёрост.
Агар муроди ту, эй дӯст, бемуродии мост
Агар муроди ту, эй дӯст, бемуродии мост, Муроди хеш дигарбора ман нахоҳам хост. Агар қабул кунӣ в-ар биронӣ аз бари хеш, Хилофи рои ту кардан хилофи мазҳаби мос
Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст
Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст, Ки надҳад бар чунин сурат дил аз даст. На манзуре, ки бо ӯ метавон гуфт, На хасме, к-аз камандаш метавон ҷаст.
Дер омадӣ, эй нигори сармаст
Дер омадӣ, эй нигори сармаст, Зудат надиҳем доман аз даст. Бар оташи ишқат оби тадбир Чандон ки задем, боз наншаст.
Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст
Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст, Ки нестам хабар, аз ҳар чӣ дар ду олам ҳаст. Дигар ба рӯи касам дида бар намебошад, Халили ман ҳама бутҳои озарӣ бишик
Бе ту ҳаром аст ба хилват нишаст
Бе ту ҳаром аст ба хилват нишаст, Ҳайф бувад дар ба чунин рӯй баст. Домани давлат чу ба даст уфтод, Гар биҳилӣ, боз наёяд ба даст.
Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат
Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат, Дареғо бӯса чанде бар занахдони диловезат. Хаданги ғамза аз ҳар сӯ ниҳон андохтан то кай? Сипар андохт ақл аз дас
Мапиндор аз лаби шириниборат
Мапиндор аз лаби шириниборат, Ки коме ҳосил ояд бе марорат. Фироқ афтад миёни дӯстдорон, Зиёну суд бошад дар тиҷорат.
Бандавор омадам ба зинҳорат
Бандавор омадам ба зинҳорат, Ки надорам силоҳи пайкорат. Муттафиқ мешавам, ки дил надиҳам, Муътақид мешавам дигар борат.
Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат
Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат, То чу хуршед набинанд ба ҳар бому дарат. Ҷурми бегона набошад, ки ту худ сурати хеш Гар дар оина бибинӣ, биравад дил
Дили ҳар кӣ сайд кардӣ, накашад сар аз камандат
Дили ҳар кӣ сайд кардӣ, накашад сар аз камандат, На дигар умед дорад, ки раҳо шавад зи бандат. Ба Худо, ки парда аз рӯи чу оташат барафкан, Ки ба иттифоқ бинӣ д
Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат
Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат, Магар маро, ки ҳамон ишқи аввал асту зиёдат. Гарам ҷавоз набошад ба пешгоҳи қабулат, Куҷо равам, ки намирам бар остони
Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт
Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт, Ҷафову нозу итобу ситамгарӣ омӯхт. Ғуломи он лаби заҳҳоку чашми фаттонам, Ки кайду сеҳр ба Заҳҳоку Сомирӣ андохт.
Чӣ фитна буд, ки ҳусни ту дар ҷаҳон андохт
Чӣ фитна буд, ки ҳусни ту дар ҷаҳон андохт, Ки як дам аз ту назар барнаметавон андохт?! Балои ғамзаи номеҳрбони хунхорат Чӣ хун, ки дар дили ёрони меҳрбон андох
Мo нaгӯeм бaдy мaйл бa нoҳaқ нaкyнeм
Мo нaгӯeм бaдy мaйл бa нoҳaқ нaкyнeм, Ҷoмaи кac cияҳy дaлқи xyд aзpaқ нaкyнeм. Айби дapвeшy тaвoнгap бa кaмy бeш бaд acт, Кopи бaд, мacлиҳaт oн acт, ки мyтлaқ н
Дӯстон, аз якдигар душмантарошӣ то ба кай?
Дӯстон, аз якдигар душмантарошӣ то ба кай? Рӯ ба рӯ хандида аз пас дилхарошӣ то ба кай? Зиндагӣ аз дасти гирудоратон дилгир шуд, Шаккареро хурда ҷояш заҳрпошӣ
Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст
Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст! Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе ба сар барӣ, Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст!
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд. Бе тамошои сифатҳои Худо, Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро.
Нишоти умр бошад то ба 30 сол
Нишоти умр бошад то ба 30 сол. Ба 40 ои фурун резад пару бол. Ба 50 гар равви ёби ту сустӣ. Ба 60 оина ёбӣ тандурустӣ.
Ёд кардам
Салом, эй ёдҳои талху ширин, Салом, эй бодҳои хобу бедор, Салом, эй рӯзгори тору равшан, Салом, эй дидаҳои масту ҳушёр,
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Чу меҳмони ҳаробатӣ, ба иззат бош бо риндон, Ки дарди сар кашӣ, ҷон
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст, Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст. Ишқи он шаб масти масташ карда буд, Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.