Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Агар чи ҳарду гирифтор омадем, вале
Ту ошиқи зару ман гашта мубталои сухан. Шикасти ранг начидӣ баҳорат аз ғами зар, Тило шудӣ миси ту гар зи кимиёи сухан.
Намерасад ки занӣ захми нохуни дахле
Ба тори машқи расоён ту норасои сухан. Ба молу ҷоҳ ту, эй сифлатабъ, хушдил бош, Ки мо хушем бар ин суфра бо атои сухан.
Дам аз фусуни баён, муддаӣ, мазан, ки марост
Ба даст хомаи муъҷизнишон асои сухан. Ба Нили мо наситезу ба хуни худ машитоб, Ки ҳаст дар кафи мо теғи мавҷҳои сухан.
Кушой чашми басират, ки бар ту ҷилва кунад
Ҷамоли Юсуфи таҳқиқ аз қабои сухан. Ба гунаи дигар омад зи ман таҷаммули фазл, Ки тайласон шуда бар дӯши ман ридои сухан. Чу мурғи хонагӣ дар банди обу дона маб
Ҳарими хотираш ойинахонаи асрор
Шуд он, ки гашт дилаш рамзошнои сухан. Кай инқибоз пазирад зи кулфати айём, Табиате, ки бувад басташ аз сафои сухан.
Расад ба дасти симоъи нигор, то рӯзе
Ба хуни шавқ дилам парварад ҳинои сухан. Бувад ҳамеша чу гул тар димоғи нашъаи файз, Касе, ки мекашад ӯ ҷоми ғамзудои сухан
Ҳаловати лаби нозукадои ҷононро
Нигар, ки шираи ҷон мечакад ба ҷои сухан. Намеравад зи барам дур шоҳиди маънӣ, Ҳино зи хуни ҷигар бастаам ба пои сухан. Ҳадиси қиссаи зулфи кӣ дар миён омад?
Санои сухан
Набуд базми адам чун асарнавои сухан, Расидаем дар ин маҳфил аз барои сухан. Вуҷуди мост чу боис зуҳури ирфонро, Ниҳода шуд пайи мо курсии бинои сухан.
Чароғи нур шав
То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав, Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав. Бар сияҳрӯзон ғами сомони хуршедӣ намой, Шоми ҳиҷрони асиронро чароғи нур шав.
Эй зи зулфат ҳамаро рутбаи соҳибҷоҳӣ
Эй зи зулфат ҳамаро рутбаи соҳибҷоҳӣ В-эй зи меҳри ту расад хотами шоҳаншоҳӣ. Ҳама дар қабзаи тақдири ту чун золи забун, Зери девори қазоят Маҳу Меҳру моҳӣ.
Моҳам агар аз ниқоб рафтӣ,
Моҳам агар аз ниқоб рафтӣ, Тоб аз рухи офтоб рафтӣ. Дар кулбаи ман зи интизорӣ Дер омадиву шитоб рафтӣ.
Ғуборам дар ҳавоят мекунад шавқи парафшонӣ,
Ғуборам дар ҳавоят мекунад шавқи парафшонӣ, Ки то молад ба хоки остонат лавҳи пешонӣ. Назад боли тапиш ҳангоми ҷон кандан шаҳиди ман, Кадомин теғи қотил рехт ху
Зи дарди бекасӣ, эй нола, то кай беасар резӣ,
Зи дарди бекасӣ, эй нола, то кай беасар резӣ, Чи бошад, хун шавӣ, бар доман аз мижгони тар резӣ. Бақои гулшани ҳастӣ надорад сарфа чандоне, Ки ҳамчун ғунча, то
Дили ман бар ту кабоб аст, ту худ медонӣ,
Дили ман бар ту кабоб аст, ту худ медонӣ, Бар сари ман чи азоб аст, ту худ медонӣ. Ин ҳама об, ки аз дидаи ман мерезад, Менагӯйӣ, ки чӣ об аст, ту худ медонӣ.
Дилбаро, турраи мушкини ту сунбул ворӣ,
Дилбаро, турраи мушкини ту сунбул ворӣ, Тарфи рӯйи ту чун ин боғчаи гул ворӣ. Нест кас, ҳалқаи гесӯи туро бишморад, Ки дар ӯ нест тараф давру тасалсул ворӣ.
Чаро, эй дил, висоли хубрӯён иқтизо кардӣ?
Чаро, эй дил, висоли хубрӯён иқтизо кардӣ? Тамошоят чи шуд, худро ба меҳнат ошно кардӣ? Ба он нозукхаёлиҳо, ки будӣ дар мизоҷи ман, Ба як мӯе гаронӣ доштам, бар
Аз шӯриши савдоят дар ҳар саре савдое,
Аз шӯриши савдоят дар ҳар саре савдое, З-ошӯби хаёли ту дар ҳар лабе ғавғое. Аз тарзи хироми ту тӯфони бало пайдо, Дар баҳри тамошоят дар ҳар мижа дарёе.
Чи бошад аз карам ҳоли мани бемор дарёбӣ,
Чи бошад аз карам ҳоли мани бемор дарёбӣ, Илоҷи дардмандонро сазад ҳар бор дарёбӣ. Зи хӯю хислати неки ту доим ончунон зебад, Ки аҳволи дили бечорагон бисёр дар
Эй ки бар хотири мо ҳеч мадоро накунӣ,
Эй ки бар хотири мо ҳеч мадоро накунӣ, Умр бигзашту назар бар тарафи мо накунӣ. Ошиқон дар ғами ту ҳоли табоҳе доранд, Ту чаро пурсиши ин қавм тақозо накунӣ?
Чи маънибаландӣ, чи нозукадоӣ,
Чи маънибаландӣ, чи нозукадоӣ, Ки лутфат чу маънист назри расоӣ. Қадат ҳамчу сарви баланд офарида, Рухатро чу хуршед дар рӯшноӣ.
Доғам аз ғам, ки маро бар сари роҳе накушӣ,
Доғам аз ғам, ки маро бар сари роҳе накушӣ, Ба гуноҳи назари карда паноҳӣ накушӣ. Бегунаҳ куштани ошиқ ба ту набвад айбе, Айб он аст, ки ошиқ ба гуноҳе накушӣ.
Субҳи пириҳо дамиду рафт они зиндагӣ,
Субҳи пириҳо дамиду рафт они зиндагӣ, Рехт анҷумпораҳои осмони зиндагӣ. Он замоне чашми хоболуди мо дар хоб буд, Бехабар бигзашт аз мо корвони зиндагӣ.
Ман кистам? Ба роҳат афтодае, бидонӣ,
Ман кистам? Ба роҳат афтодае, бидонӣ, Чун ашк то ба поят маҳмилкаши равонӣ. Аз ранги рафтаи ман сози адам ҳувайдост, Девони эътиборам, гар нуктаам бихонӣ.
Чи шавад зи лутфи шоҳӣ назаре ба мо намоӣ,
Чи шавад зи лутфи шоҳӣ назаре ба мо намоӣ, Ки зи ғам ба ҷон расидам, ту ҳанӯзам озмоӣ. Ба Худо, ки шармам ояд, чу туро хитоб созам, Ки забон ба ҳарф лағзад, чу
Ба дил то кай зи меҳрам кина дорӣ,
Ба дил то кай зи меҳрам кина дорӣ, Бадар кун, он чи андар сина дорӣ. Зи дардат пеши кас ҳаргиз нанолам, Ки аҳде инчунин пешина дорӣ.