Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Сар то қадам зи ҷӯши таҳайюр чу ойина

Кисваттирози сурати урёнии худем. Пеши назар чу шиша гирифтем айби нос, Ҷоме ба тоқмондаи нисёнии худем. Берун намеравем зи тӯфони рамзи хеш, Ошӯбгарди боди биёбонии худем. Найсони чашми мо ки чунин ҷӯш мезанад, Дар шустушӯи ҷомаи исёнии худем. Шаш сӯ салои раҳмату мо, Ҷавҳарӣ, ҳанӯз, Маъюси ҳоли бе сару сомонии худем.