Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Маҳви қаламронии худем

Чун бехабар зи маънии нодонии худем, Маҳви хаёли тарзи қаламронии худем. Ҳосил накарда нусхаи ҷамъияти камол, Шерозбанди дафтари инсонии худем. Як нуқта аз вуҷуд наему ба чашми ваҳм Ҷирми басити олами имконии худем. Доми назар ниҳода чу товуси ин чаман Яксар шикори дидаи ҳайронии худем. Субҳ аз саводи нома дамондему то ҳанӯз Мо тахтахони аҳди дабистонии худем. Саргаштатар зи гардиши паргор зери чарх Марказсавори даври парешонии худем. Барҷаста буд мисраъи девони умр, ҳайф, Мо сактабофи тӯли амалхонии худем. Оҳ аз ҳуҷуми мастии ғафлат, ки аз ғурур Фориғ зи фикри сархати пешонии худем. Бе дасту по фитода ба гирдоби ваҳму занн, Ғарқи худему заврақи тӯфонии худем. Гарди қиёмат аст баланд аз нафас, вале Ғофил зи ҳашри олами инсонии худем. Тоқи ҳавои нафс фалаксост, то ки мо Меъмори корхонаи вайронии худем. Дасте назад ба домани шуҳрат ғубори мо, Қофошёни арзи парафшонии худем.