Эй шӯхи бадмаст
Ҷунунпарвардаи ишқам, маҷӯ ойини фарҳангам,
Зи сомони адаб дурам, барӣ аз ному аз нангам.
Тилисми ҳайратам, ойинаи доғам, гули ашкам,
Зи сар то пой тимсоли дилам, ё Раб, чӣ найрангам?
Шукуфтан дар мизоҷам ғайри афсурдан намебошад,
Худовандо, магар ҷӯши хазони гулшани рангам?
Фусуни бенавоӣ бурд аз бас сурма дар корам,
Сурӯши нолаам, гум карда раҳ дар пардаи чангам.
Ба рафъи савт натвон гашт дамсозам дар ин маҳфил
Ба хомӯшӣ баро якчанд, то гардӣ ҳамоҳангам.
Шикасти ранги ман он чоки рифъатофарин гардад,
Бисоти нуҳ фалак ҳамчун саҳар хоҳад шуд аврангам.
Чунин к-ӯ лашкари анбӯҳи ишқаш хайма зад, гӯё
Фазои дашти имкон дар бағал дорад дили тангам.
Фиғон, эй шӯхи бадмасти фарангизодаи золим,
Ки аз дасти ту омад шишаи номус бар сангам.
Саропо фикрати хомам, асарпардози авҳомам,
Димоғи хушки зоҳид, Ҷавҳарӣ, ё олами бангам?