Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Шӯхи боданӯши ман

Қадаҳ дар даст омад маст шӯхи боданӯши ман, Ба истиқболи нозаш рафт аз сар ақлу ҳуши ман. Ба ёди наргиси майгунаш аз бас нолаоҳангам, Садо гул мекунад мастона аз сози хурӯши ман. Чунон вомондаам дар зери бори фикри абрӯяш, Ки бошад осмоне ҳамчу моҳи нав ба дӯши ман. Зи бас аз сурма мижгони сиёҳаш дорад истиғно, Садои нолае аз Тӯр меояд ба гӯши ман. Ба ҷуз дар базми май рози дилам равшан намегардад, Биё то қулқули мино кунад шаҳри сурӯши ман. Зи файзи маънии ҷамияте дорам, ки во гаштан Надорад, Ҷавҳарӣ, чун ғунча лабҳои хамӯши ман.