Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Субҳи тараб

Пур кун ба ҷоми бода ту ҷоми сафедро, То дар сафои он нигарам моҳи идро. Субҳи тараб дамид ба фитри висоли дӯст, Аз каф мадеҳ ту фурсати айши ҳамидро. Чун гул шукуфта дар бари ман мерасад нигор, Табриксоз гашта сабоҳи ҷадидро. Дил, муғтанам шумор ту имрӯзро, ки боз З-ин сон расем ё на замони саидро. Соқӣ, расон ба ҷавҳари кайфияте, ки ман Натвонам имтиёз сиёҳу сафедро. Даври қадаҳ зиёда намо, то зи сархушӣ Созам баланд наъраи ҳалминмазидро. Хуш он шабе, ки бо ту шавам масту бар фалак Маҳ тай кунад масофаи сайрулбаридро. Зоҳид, фусун махон, ки ба айши шаби висол Надҳам ба сидра ман гули маҳтоби бедро. Дидам чу ғайр пеши ту, дил аз барам зи рашк Хонд ояи «ладайҳи рақибун анид»-ро. Созам нисор, Ҷавҳарӣ, ҷонро ба қосиде, К-аз мақдами нигор расонад навидро.