Ойинаро
Гар кунад бо васли дидораш қарин ойинаро,
Бар маҳу меҳр оварад нозофарин ойинаро.
Гашт рашки сунбулистон шона, то машшота зад
Рӯбарӯ бар он ду зулфи анбарин ойинаро.
Талъати ӯ мабдаъи нурест, гӯё кардааст
Хонаи хуршед аз акси ҷабин ойинаро.
То нагардад фитна чун бар ман ҷамолат бар ту низ,
Зинҳор эй нозани, камтар бубин ойинаро.
Рафтан аз хеш аст ҳамчун соя истиқболи дил
Дар зуҳури офтоби ёдаш ин ойинаро.
Фориғанд аҳли сафо аз райби асҳоби дувал
Эҳтиёҷи нақш набвад чун нигин ойинаро.
Ҳар чи ҳаст аз нуру зулмат, маҳви он осор бош,
Ҳайрат аст ин ҷо зи ҳар шакку яқин ойинаро.
Зери пояш дидаву дил дарфикандам, Ҷавҳарӣ,
Фарши роҳаш кардам охир бар замин ойинаро.