Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Таъсири нигоҳ

Чу он ойинасимо афканад аз рух ниқобашро, Таҳайюр шабнами наззора гардад офтобашро. Тамошо маҳви дидораш чаманпайкар буте дорам, Бунафша банда фармон аст хатти мушкнобашро. Дар он маъраз, ки арзи ҷилва фармояд ҷамоли ӯ, Кунад ҳар заррае ойинадорӣ офтобашро. Нигоҳаш сӯи наргис чун фитад, мадҳуш мегардад, Чӣ таъсирест ё Раб, чашми масти нимхобашро? Ба миръоте, ки акси орази ӯ ҷилваҳо дорад, Тавон бинмуд аз рагҳои гул банди ниқобашро Саҳар дарси лиқое булбули дил хост омӯзад, Намудам аз варақҳои гули ҳайрат китобашро. Чӣ хокам ин қадар, ё Раб, ки аз ҷӯши замингирӣ Ғуборам дасткӯтоҳ аст домони рикобашро. Ба риндон муҳтасиб з-инсон ки доим хашму кин дорад, Худо хоҳад – Худо хоҳад, намудан эҳтисобашро. Ба таҳқиқи назар дидам чу дарси нусхаи ҳастӣ, Накардам ҷуз адам фаҳме усули фаслу бобашро. Зи ман дӣ Ҷавҳарӣ пурсид гул сомони ҷамъият, Лаби худ бастаму додам ба хомӯшӣ ҷавобашро.