Аз ёди лаби майгун
Дунпарастӣ то ба кай бошад зи табъи дун маро?
Эй уруҷи бахт, олитар кун аз гардун маро.
Ҷуз гирифторӣ надорад дастгоҳи илму фан,
Эй ҷунун, саъйе, к-аз ин дом оварӣ берун маро.
Метапам дар мавҷи хун, ё Раб, надонам, к-ин қадар
Тири дилсӯзи кӣ гардонид ғарқи хун маро?
Мекунад аз ашки ман ёқут касби обу ранг,
То ҷигар хун шуд зи ёди он лаби майгун маро.
Солики ишқам, насиҳат кам кун, эй воиз, ки нест
То барӣ аз раҳ ба д-ин афсонаву афсун маро.
Мисраъи сарви қаде шаб ёдам омад то саҳар,
Буд машқи нола дар тазмини он мавзун маро.
Уқдаи дил во кун, эй сарпанҷаи вазъи ниёз,
К-ин гираҳ накшояд аз тадбири Афлотун маро.
Ман, ки мафтуни сари зулфи нигорам, эй ҳаким,
Дарди сар кам каш, ки нофеъ нест афтемун маро.
Чун ниёзу ноз ҳамсанганд дар мизони ишқ,
Ҳар қадар ҳусни ту афзун аст, дард афзун маро.
Чун ту, эй хилватгузин, кай буд он маҳмилнишин
То ба саҳрои ҷунун ҳамтак шавад Маҷнун маро.
Ҷазбаи кӯяш зи бас бе ихтиёрам мебарад,
Баҳр тай гардад чу соҳил, кӯҳ чун ҳомун маро.
Хандаи гул савти булбулро диҳад ранги дигар,
Ҷилва кун, в-он гаҳ бубин, то шавқ гардад чун маро?
Эй тағофулпеша, бар ҳолам тараҳҳум карданист,
Ҷон ба лаб омад зи дарди дурият акнун маро.
Дар адабгоҳи ғуруру нози ҷонон, Ҷавҳарӣ,
Туҳфаҳо аз аҷз дорад хотири маҳзун маро.