Хиромон омадӣ
Эй ки аз меҳру вафо нагсаста паймон, омадӣ,
Баста бар занҷири зулфат тори имон омадӣ!
Чун Масеҳо бар сарам гаштӣ баҳорафшони лутф,
Яъне бемори ғаматро баҳри дармон омадӣ.
Эй сурури сина, нури дидаву дил, марҳабо,
К-имшабам дар қолаби афсурда чун ҷон омадӣ.
Ҳамчу шамъам риштаи ҷон нест ҷуз тори нигоҳ,
То ту, эй рӯҳи тамошо, ҷилвасомон омадӣ.
Шеваи хулқи каримат буд, к-эй мискинавоз,
Бар сари ин зарра чун хуршеди тобон омадӣ.
Хок шуд рашки чаман аз хуни муштоқони ноз,
То ба сад олам адо як раҳ хиромон омадӣ.
Мавҷи гавҳар, ҷӯши ҷавҳар, шӯхии май кард гул,
Гарди роҳат маст, тамкин то ба ҷавлон омадӣ.
Ҷавҳарӣ, аз мақдамат гулчини умрам тоза шуд,
То ба хат чун Хизру бо лаб оби ҳайвон омадӣ.