Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Хуршеди тобон дар бағал

Эй хилвати андешаҳо аз ту гулистон дар бағал, В-аз акси меҳрат синаҳо хуршеди тобон дар бағал. Дар олами кавну макон ҳар дил, ки мебинам аён, Доғи ту, ҷоно, лоласон дорад намоён дар бағал. Дурҷи садаф омад агар, лабрез аз мавҷи гуҳар, Аз гавҳари меҳрат нигар дил шуд маро кон дар бағал. Ин нуҳ муҳити бекарон, в-ин қулзуми кавну макон, Аз шӯри ишқат сад ҷаҳон доранд тӯфон дар бағал. Дорам чу санг ин ҷо шарар аз сӯзи шавқат дар ҷигар, В-аз шуълаи шамъи рухат ҳастам чароғон дар бағал. Дар баҳри шавқат он қадар чун мавҷ варзидам ҷунун, Ку қатраам печиду шуд чун дурри ғалтон дар бағал. Бархез к-ин ҷо оламе истода ҳар сӯ мунтазир, Баҳри нисори мақдамат дил дар кафу ҷон дар бағал. Халқе дар ин дашти ҷунун доранд аз ёдат кунун, Гул аз сиришк андар назар, субҳ аз гиребон дар бағал. Ҳар ҷо ки абри файзи ту гардад тарашшуҳофарин, Хоҳад шуд аз дарвезааш ҳар қатра уммон дар бағал. Як раҳ чӣ бошад бингарӣ, аз лутф сӯи Ҷавҳарӣ, То барнагардад аз дари уммед ҳирмон дар бағал.