Чистон дар бағал
Аз акси ёди рӯи он ранги гулистон дар бағал,
Чун хилвати ойина ҷон шуд Юсуфистон дар бағал.
Аз ҳар буни мӯям фиғон сад ранг бикшояд забон,
Дорад тани зорам ҳамон ҷӯши найистон дар бағал.
Ёди буте шуд то чунин аз ҷилва такророфарин,
З-ин ваҳдати касратгузин дил шуд дабистон дар бағал.
То тифли олам рӯзу шаб, бешир набвад хушклаб,
Чун доя чарх аз меҳру маҳ дорад ду пистон дар бағал.
Аз ихтилоти зоҳидон ях баста ҳар табъи равон,
Суҳбат аз ин афсурдагон дорад зимистон дар бағал.
Дидам ба таъмиқи назар чун назму насри Ҷавҳарӣ
Ҳар нуктаашро ёфтам сад ранг чистон дар бағал.