Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ақлозмоиҳо

Гуле к-онро набошад рангу бӯи ошноиҳо, Бувад рӯи ту, эй ҷӯши баҳори бевафоиҳо. Дили нолон зи дарди ҳаҷр мусиқорро монад, Най аз ман бишнавад акнун шикоёти ҷудоиҳо. Тавофи Каъбаи кӯят намудам то мани бедил, Фалак ҳар лаҳза дорад бар ғуборам ҷабҳасоиҳо. Шудам аз ҳар чи дар олам бувад бегона, аз худ ҳам, Хаёлат то ба дил афканд тарҳи ошноиҳо. Чу аз панди ту тарки ишқи гулрӯён намесозам, Чӣ ҳосил ин қадар, эй ҳарзагӯ, з-ин жожхоиҳо? Нахоҳад кард чашмам имтиёзи ину он аз ҳам, Чу дид он офтоби олами ақлозмоиҳо. Саропо ҷилвагоҳи акси хуршеди ҷамолаш шуд, Дили ман гашт то ойинаи соҳибсафоиҳо. Фиреби аблаҳон хоҳӣ, ба ранги зоҳидон бояд, Ки худро вонамоӣ дар либоси порсоиҳо. Мабош, эй Ҷавҳарӣ, мағрури қилу қоли ашъорат, Ки сомоне надорад ҳеҷ ғайри худнамоиҳо.