Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Баҳористони иқболам

Биё, эй қоматат гулдастаи гулзори омолам, Рухи чун хулд рангинат баҳористони иқболам. Чу дур афтод чашмам аз тамошои гули рӯят, Ба ранги андалебони чаман пайваста менолам. Тазаллум бо кӣ хоҳам кард аз бедоди ҳиҷронат, Чу аз роҳи тараҳҳум худ напардозӣ ту бар ҳолам. Бад-он уммед гаштам хок дар ҷавлонгаҳи нозат, Ки ҳангоми хироми ноз то созӣ ту помолам. Ба ёди остони Каъбаи кӯят тамошо кун, Ки чун аз аҷз рӯи зарди худ бар хок мемолам. Зи абрӯю қадат мадду алиф то дар назар дорам, Паи таҳқиқи он майли хамидан кард чун долам.