Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Зи ҷӯши шавқи ту меболам ин қадар в-арна

На тардимоғи шаробам, на масти афюнам. Кашидаанд зи ман ҳалқа бар дари ихлос, Гар аз хамидани қад кардаанд чун нунам. Маро ки завқи ҳавоят давои форуқист, Газанди даҳр нахонад ба ҳеҷ афсунам. Бад-ин фасурдадилон гулшани маро чи қиёс? Ки ман ҳамешабаҳори ҷаҳони мазмунам. Ба фаҳми сирри даҳонаш расидам охири кор, Зи диққати назари фикри табъи мавзунам. Ба ёди наргиси масти кӣ ҳамчу бода зи ҷом Дамад зи дида ба сад кайф ашки гулгунам?