Зи чини ҷаъди суманбӯи тобдори касе
Гирифтаанд ба занҷир ҳамчу Маҷнунам,
Ба теғи ноз маро кушту хунбаҳо ин аст,
Ки чун ҳино ба кафи пои ӯ расад хунам.
Ба ҳаққи сояи зулфат, ки дар парешонӣ
Гузашт умр ба ҳаҷрат зи бахти вожунам.
Ҳузуру бехудию қабзу басту ҳузну сурур,
Ҳазор нашъа зи ман гул кунад, чӣ маъҷунам?
Чу мирам аз ғами он ёр дар тариқи вафо
Ба роҳи тавсани нозаш кунед мадфунам.
Ба ман хуш аст агар дӯст Ҷавҳарӣ, чӣ ғам аст
Зи ҳуққабозии айёму даври гардунам?