Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Нозанинсимои ман

Моҳи ман, гулчеҳраи ман, нозанинсимои ман, Ҷилва кун то пар фишонад булбули шайдои ман. Ламҳае дар олами имкон намегирам қарор, Зарраваш дур аз ту, эй меҳри ҷаҳонорои ман. Аз ғамат мурдам, Масеҳоиқтидори ман, биё, Яъне лаъли худ ба ҳарф ору намо эҳёи ман. Нағмасанҷи гулшани ишқи туам, к-аз шӯри шавқ Ғулғуле афканда дар олам ҳазоровои ман. Зулмати ҳаҷри ту рӯзамро сияҳ кард, алғиёс, Эй ҷабини анварат ойинаи байзои ман! Он биёбонгарди шавқам дар таманноят, ки нест Ғайри доғи дил чу меҳри гармрав ҳамрои ман. Маҳви ишқат гаштанам шуд дастгоҳи эътибор, Бе нишони чидан омад шуҳрати анқои ман. Аз хаёли оразат то хома шуд нақшофарин, Сад чаман гул кард аз як домани иншои ман. Лаълат аз бас дода ҷӯшам, ҳар кӣ ҳарфам гӯш кард, То абад мастӣ намуд аз нашъаи саҳбои ман. Дар ҳавоят ҳар чи нақду насяам барбод рафт, Ҳамчу дӣ имрӯзи ман шуд дар ғами фардои ман. Ёди дидорат чу хокамро саҳарпардоз кард, Ҷавҳари ойина тӯфон мекунад аҷзои ман. Нуҳ сипеҳрам зери паҳлу атласандозӣ кунад, Гар шабе хоки сари кӯят шавад маъвои ман. Хилвати дил аз хаёлат Юсуфистон дар бағал В-аз ҷамолаат маҳви ҳайрат дидаи бинои ман. Аз гиребони ҷунунам субҳи машҳар гулфурӯш, Бе ту шӯри нафхи солис зоҳир аз ғавғои ман.