Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Меҷӯшем мо

Хоназоди ақлу фаҳму чокари ҳушем мо, Аҳли донишро ғуломи ҳалқабардӯшем мо. Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ, Баъди хомӯшӣ зи хотирҳо фаромӯшем мо. Баски аз фанни сухан бартар набошад санъате, З-ин сабаб дар ин ҳунар пайваста мекӯшем мо. Ҳар куҷо шуд шоҳиди маънии рангин ҷилвагар, Сарбасар чун сод чашми ҳайратоғӯшем мо. Андар он маҷлис ки дар гардиш бувад ҷоми сухан, Софи маънӣ чун майи гулранг менӯшем мо. Нашъае дар шоирӣ дорем беранҷи хумор, Дар хуми ин фан ба ранги бода меҷӯшем мо. Назми мо аз нозирон хоҳад ҳамин инсофу бас В-арна худ кай аз тамаъ занбилбардӯшем мо. Ранги маънӣ, бӯи мазмун дар сухан гул кардаем, Андар ин гулшан ба д-ин тасвир манқушем мо! Ҷавҳарӣ, дил бе сурӯше нест дар ин базмгоҳ, Гарчи худ чун акс дар ойина хомӯшем мо.