Тоқати машраби мо нест тунуккзарфонро
Баҳр дар сарфаи ҳар шишаи эҷоз нашуд.
Ин табошири ту, ё шири мизоҷи тифлист?
Эй ки анҷоми туро фарқ зи оғоз нашуд.
З-он раги табъи дурушти ту мулоим нашавад,
Ки забончарбиям аз пиҳи дили қоз нашуд.
Ҷавҳарӣ, тарзи баёни ту зи ҷо бурд маро,
Кам зи ҷоду суханат нест, гар эъҷоз нашуд.