Мастона менависам
Дилро ба қайди мӯяш девона менависам,
Ҷонро ба шамъи рӯяш парвона менависам.
Ҳарфе, ки менамоям бо ёди лаълаш иншо,
Мастона хон, ки ман ҳам мастона менависам.
Асрори ишқро фош Мансурвор гӯям,
Фатвии қатли худро мардона менависам.
Аз ҷӯшаи сиришкам бар чеҳраи тилоӣ
Арзи ниёз бо он ҷонона менависам.
Ҳар ҷо рақибро ман бинам нишаста бо ӯ,
Деву фаришта бо ҳам ҳамхона менависам.
Аз баҳри сайди дилҳо он зулфу холро ман
Ҳам дом мешуморам, ҳам дона менависам.
Гуфтам, ки беқарорам, гуфто: қарор хоҳӣ?
Як бӯса бо ту аз рух моҳона менависам.
Эй ақл, рав ки имшаб, дорам ба ёди васлаш
Базме, ки хешро ҳам бегона менависам.
Ҳар нуқта аз каломам, мармузи сад маонист,
Эй Ҷавҳарӣ, мапиндор, к-афсона менависам.