Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Суруши ишқ

Он кас, ки аз муҳаббат ӯро хабар набошад, Дар пардаи навояш сози асар набошад. Бар ҷоҳилон нашояд арзи сухан намудан, Ҷои гуҳарфурӯшӣ бозори хар набошад. Эй шуълаи таваҳҳум, гар сар кашӣ ба анҷум, Дар арзи як табассум ин карру фар набошад. Хуршед дар таҷаллист, гӯ, зарра парфишон бош, Муфт аст маҳв будан, гар бебасар набошад. Дар сози ҳар баму зер музмар сурӯши ишқ аст, Хоҳад шунид розаш, гӯше, ки кар набошад. Ҷинси каломат аз бас, эй Ҷавҳарист олӣ, Ҳамсанги силки назмат иқди гуҳар набошад.