Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ханҷари мижгон

Мурдам аз ҳасрат, ки мебӯсад ҳино дасти туро, Рӯсиёҳи сурма чашмони сияҳмасти туро. Оламе озод мебинанд сарви қоматат, Кист бошад ҷуз рикобат дида побасти туро? Синачокон ҳар тараф баҳри фидо саф бастаанд, Сафкашида ханҷари мижгони пайвасти туро. Панҷаат чун панҷаи ҳурсоидат байзоъи нур, Дастаи гул кай шавад монанд гулдасти туро? Дурри ашку ҷавҳари ҷонро кунӣ то кай нисор? Нест мепиндорад он раъно ҳама ҳасти туро. Аз ду олам хоки кӯяш баргузидӣ, Ҷавҳарӣ, Ҳиммат охир кард олӣ толеи пасти туро.