Эй гирифтори ҳамоқат зи фусуни авҳом
Риши гове матарошу ба сар афсор макун.
Нест ҷуз илм хати доираи иззу шараф,
Хешро дур аз ин хат мафикан, хор макун.
Шамъи иззи салафу фахри халаф гар нашавӣ,
Боре дар нисбаташон он чи бувад, ор макун.
Аз падар ирси ту илм асту дигар сафвати дил,
Ҳар чи ҷуз ин ду дар он роҳ марав, кор макун.
Бо табахтур махиром, ин қадар эй зодаи хок,
Ҳамчу товус ба худ мангару рафтор макун.
Халқро нисбати аъзои бадан гир ба ҳам,
Кирми дандон машаву дар ҳама озор макун.
Бар табақ рози касонро манеҳ аз ғаммозӣ,
Фитнаи ноимаро по зада бедор макун.
Шиква аз ёр бувад куфр дар ойини вафо,
Ҳар чи ояд ба ту, дам даркашу изҳор макун.
Манишин фориғу ойина ба сайқал бирасон,
Ҷавҳари фитрати худ хокаи зангор макун.
Гар на маввоҷи маонист замират аз файз,
Дил ба фикри сухан, эй Ҷавҳарӣ афгор макун.
Кист Маҷнуни ту, эй хонабарандоз, нашуд?
Бебасар он ки ба рӯи ту назарбоз нашуд,
Бехабар он ки ба ғамҳои ту дамсоз нашуд.
Беасар пардаи созе, ки навояш зи ту нест,
Бешуур он ки ба роҳи ту ҷунунтоз нашуд.
Бенасиб аз хирад он кас, ки ба ёдат ҳама тан
Ҷабҳаи саҷда нагардиду сарафроз нашуд.
Дур аз файзи ҳузур он ки дар ин дашти зуҳур,
Ба ҷунунбозии савдои ту мумтоз нашуд.
Доғ он дил, ки ба фикри гули найранги рухат
Хун нагардид ба сад рангу чамансоз нашуд.
Оҳ аз он ойина, к-ӯ маҳрами асрор нагашт,
Вой аз он парда, ки хилваткадаи роз нашуд.
Сияҳ он базм, ки шамъи тарабаш шавқи ту нест,
Адам он к-аз ту ба худ анҷумани ноз нашуд.
Чок он сина, ки аз ишқи ту набувад дар ҷӯш,
Хок он дида, ки бар орази ту боз нашуд.
Шӯхии Лайлии нози ту шавад ноқасавор,
Кист Маҷнуни ту, эй хонабарандоз, нашуд?