Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чӣ ҳосил, гар ҳазорон гул дамад ё сад баҳор ояд?
Чӣ ҳосил, гар ҳазорон гул дамад ё сад баҳор ояд? Маро чун бо ту кор афтодааст, инҳо чӣ кор ояд? Диламро боғу бустон хуш намеояд, магар вақте Ки ҷоме дар миён ор
То зулфи ту печу тоб бишкаст
То зулфи ту печу тоб бишкаст, Ранг аз рухи офтоб бишкаст. Ҳуснат намаке ба захми дил рехт, Паймонаи хӯрду хоб бишкаст.
Он дилбари бадмеҳр, ки моҳ аст ба чеҳр
Он дилбари бадмеҳр, ки моҳ аст ба чеҳр, Дорад сари ошиқӣ, надорад сари меҳр.
Дар чаман мерафт зикри қомати дилдори мо
Дар чаман мерафт зикри қомати дилдори мо, Сарв доман барзаду омад ба бустон ростпо. То чаро пероҳан аввал он тани нозук бисуд, Мекунад аз ғайрати он дар бараш г
Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро
Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро, Аз нолаи мурғон чӣ ғам он дилсиёҳ сайёдро?! Мардум ба даври рӯйи ту дар гиряанд аз оҳи ман, Шарт аст борон рехтан дар
Бо саҳар рабте надорад шоми мо
Бо саҳар рабте надорад шоми мо, Фориғ аст аз соф дурди ҷоми мо. Дил ба тавфи хоки кӯе бастаем, Тукма дорад ҷомаи эҳроми мо.
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо, Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо. Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае, Хунбаҳои сад чаман аз ҷилваҳоят як ад
Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё
Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё, Фасли сайри дил гузашт, акнун ба чашми мо биё. Мекашад хамёзаи субҳ интизори офтоб, Дар хуморободи махмурон қадаҳпаймо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо Соди қалами тақдир бо мисраи абрӯҳо. Натвон ба дили ушшоқ афсуни раҳоӣ хонд, З-ин силсила озоданд занҷирии гесӯҳо.
Дил агар маҳви муддао гардад
Дил агар маҳви муддао гардад, Дард дар коми мо даво гардад, Туъмаи дард агар расад дар ком, Ҳар магас ҳамсари ҳумо гардад,
Хандонтар аз ин лаъли ту як гул ба ҷаҳон нест
Хандонтар аз ин лаъли ту як гул ба ҷаҳон нест, Мавзунтар аз ин қадди ту як сарви чаман нест. Бигзор, ки ҷонам биравад дар роҳи ҷонон, Дар сӯқи муҳаббат сухани с
Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд
Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд, Агар бо кӯҳ гӯям, кӯҳ дар фарёд меояд. Дилам рӯзе, ки тарҳи ишқ меандохт, донистам, Ки гар созам бинои сабр, бебунё
Шишаи май дур аз лабҳои майгун мегирист
Шишаи май дур аз лабҳои майгун мегирист, То дили худро даме холӣ кунад, хун мегирист. Дӯш бар сӯзи дили ман гиряҳо мекард шамъ, Чашми ман он гиряро медиду афзун
Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост
Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост, Аз оташи дилу ҷигари чок-чоки мост. Домани гул зи хоки шаҳидон газаштай, Гарде, ки домани ту гирифтаст, хоки мост.
Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост?
Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост? Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанд, ёри ман куҷост? Гашта мардум ҳар яке имрӯз сайди чобук, Чобуки сайдафкани мардумшикори
Ин ҳама лола, ки сар барзада аз хоки ман аст
Ин ҳама лола, ки сар барзада аз хоки ман аст, Пораҳои ҷигари сӯхтаи чоки ман аст. Дарди ушшоқ зи дармони касе беҳ нашавад, Хосса дарде, ки насиби дили ғамноки м
З-офтоб ба рашкам, ки зери пои ту афтад
З-офтоб ба рашкам, ки зери пои ту афтад, Зи соя низ, ки чун зулф дар қафои ту афтад. Ба ҳар бало, ки расад аз ту, ғайри шукр нагӯям, Маро атост балое, ки аз бар
Бар тарфи боғ аҷаб дилкаш аст сояи бед
Бар тарфи боғ аҷаб дилкаш аст сояи бед, Ки ламъа-ламъа дурахшад аз он миён хуршед. Занад чашмакат он ламъаҳо зи ҷунбиши бод, Ки хез дидаи ибрат кушо ба лолаву х
Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт
Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт, Ки шукри неъмати субҳи висол натвон гуфт. Даруни ғунча чаро хуну ҷайби гул чок аст, Агарна мурғи чаман достони ҳиҷрон
Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро
Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро, Зи лолаорази вай ҷом тоза шуд маро. Куҷост сояи гулрух, ки ранги лола диҳад, Ба базми гул зи маи лаъл ҷоми миноро!
Гар наёбам бӯе аз васли ту дар ин гулзорҳо
Гар наёбам бӯе аз васли ту дар ин гулзорҳо, Ҳамчу ашки худ ба хун ғалтам миёни хорҳо . Чун ниқобафканда дидат шоҳиди гул дар чаман, Канд нохун-нохун аз рашки ру
Ҷоно, чӣ шуд, ки пурсиши ёрон намекунӣ
Ҷоно, чӣ шуд, ки пурсиши ёрон намекунӣ, Дармони дарди синафигорон намекунӣ? Доман зи қатраҳои сиришкам намекашӣ, Ҳамчун гул эҳтироз зи борон намекунӣ.
Ту дар парда ниҳон, эй қаъбаи ҷон
Ту дар парда ниҳон, эй қаъбаи ҷон, Зи шавқат оламе рӯ дар биёбон. Ту ганҷию дар маъмура ҳар дам Ба ҷустуҷӯи ту сад хонавайрон.
Шабҳо, ки доғи фурқати он моҳ мекашам
Шабҳо, ки доғи фурқати он моҳ мекашам, То рӯз нола мекунаму оҳ мекашам. З-он маҳ намекунам гила, к-ин меҳнату бало Аз бахти тираву дили гумроҳ мекашам.
Шабтоб
Дар зери сояравшани маҳтоби хобнок, Дар домани сукути шабе хаставу хамӯш, Оҳистагом, мегузарад шоире ба роҳ: Масту рамидаҳуш.
