Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифту
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифту, Харойина чу ҳаме май хурад, гул орад бор. Ба зулфи каҷ, валекин ба қадду қомат рост, Ба тан дуруст, валекин ба чашмак
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифтан
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифтан, Ҳар ойина чу ҳама май хурад, гул орад бор. Ба зулф каҷ, валекин ба қадду қомат рост, Ба тан дуруст, валекин ба чашма
Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд
Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд, Мардум миёни дарё в-оташ чӣ гуна пояд?! Яшки наҳанг дорад, дилро ҳаме хасояд, Надҳам, ки ногуворад, к-эдун на хӯрд хояд!
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Он саҳни чаман, ки аз дами дай
Он саҳни чаман, ки аз дами дай Гуфтӣ думи гург ё паланг аст, Акнун зи баҳори монавитабъ Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст...
Баҳор
Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб, Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб. Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Модари май
Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.