Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ,
Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ, В-аз домани шаб субҳнамоянда туӣ. Кори мани бечора қавӣ баста шудаст, Бикшой, Худоё, ки кушоянда туӣ.
Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,
Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ, Субҳоналлаҳ, кушоиши кор туӣ. Субҳоналлаҳ, ба амри ту кунфаякун, Субҳоналлаҳ, ғафуру ғаффор туӣ.
Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ,
Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ, Фармон барам, ар суду зиён фармоӣ. Бишинам, агар бар сари оташ, гӯӣ, Бархезам, агар аз сари ҷон, фармоӣ.
Аз содагию салимию мискинӣ
Аз содагию салимию мискинӣ В-аз саркашию такаббуру худбинӣ Бар оташ агар нишониям, биншинам, Бар дида агар нишонамат, наншинӣ.
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге,
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге, Ҳар мурғеро зи шавқи ту оҳанге. Бо кӯҳ зи андӯҳи ту рамзе гуфтам, Бархост садои нола аз ҳар санге.
Гаҳ шонакаши турраи Лайло бошӣ,
Гаҳ шонакаши турраи Лайло бошӣ, Гаҳ дар сари Маҷнун ҳама савдо бошӣ. Гаҳ оинаи ҷамоли Юсуф гардӣ, Гаҳ оташи хирмани Зулайхо бошӣ.
Пайваста ту дил рабудаӣ, маъзурӣ,
Пайваста ту дил рабудаӣ, маъзурӣ, Ғам ҳеч наёзмудаӣ, маъзурӣ. Ман бе ту ҳазор шаб ба хун дархуфтам, Ту бе ту шабе набудаӣ, маъзурӣ.
Чун гул ба гулоб шуста рӯе дорӣ,
Чун гул ба гулоб шуста рӯе дорӣ, Чун мушк ба май ҳалшуда мӯе дорӣ. Чун арсагаҳи қиёмат аз анбуҳи халқ Пурофату меҳнат сари кӯе дорӣ.
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ Донӣ, ки чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре,
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре, Пое на, ки аз кӯи ту ёбам гузаре. Чашме на, ки бар хеш бигирям қадаре, Рӯе на, ки бар хок бинолам саҳаре.
Эй холиқи зулҷалоли ҳар ҷонваре,
Эй холиқи зулҷалоли ҳар ҷонваре, В-эй раҳрави раҳнамои ҳар бехабаре. Бастам камари умед бар даргаҳи ту, Бикшой даре, ки ман надорам ҳунаре.
Эй кош маро ба нафт олояндӣ,
Эй кош маро ба нафт олояндӣ, Оташ бизадандию набахшояндӣ. Дар чашми азизи ман намак сояндӣ, В-аз дӯст ҷудо шудан нафармояндӣ.
Эй чарх, басе лайлу наҳор овардӣ,
Эй чарх, басе лайлу наҳор овардӣ, Гаҳ фасли хазону гаҳ баҳор овардӣ. Мардони ҷаҳонро ҳама бурдӣ ба замин, Номардонро ба рӯи кор овардӣ.
Эй дида, маро ошиқи ёре кардӣ,
Эй дида, маро ошиқи ёре кардӣ, Доғам зи рухи лолаъизоре кардӣ. Коре кардӣ, ки ҳеч натвон гуфтан, Аллаҳ, Аллаҳ, чи хуб коре кардӣ!
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ,
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ, Дар базми висоли худ маро ҷо додӣ. Алқисса, ба сад карашмаву ноз маро Ошиқ кардию сар ба саҳро додӣ.
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае,
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае, Девонаи бо хирад баҷангомадае. Дӯшина ба кӯи дӯст аз рашкам сӯхт Нолидани поидилбасангомадае.
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ,
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ, Бетобии ман дидаву бартофтаӣ. Шаб тираву ёр дуру кас мӯнис не, Эй ҳаҷр, бикуш, ки бекасам ёфтаӣ.
Онам, ки туам зи хок бардоштаӣ,
Онам, ки туам зи хок бардоштаӣ, Нақшам ба муроди хеш бингоштаӣ. Корам чу ба дасти хеш бигзоштаӣ, Мерӯям аз он сон, ки туам коштаӣ.
Савдо ба сарам ҳамчу паланг андар кӯҳ,
Савдо ба сарам ҳамчу паланг андар кӯҳ, Ғам бар сари ғам ба сони санг андар кӯҳ. Дур аз ватани хеш ба ғурбат монда, Чун шер ба дарёву наҳанг андар кӯҳ.
Ҳиҷрони туро чу гарм шуд ҳангома,
Ҳиҷрони туро чу гарм шуд ҳангома, Бар оташи ман қатра фишон аз хома. Ман рафтаму мурғи рӯҳи ман пеши ту монд, То ҳамчу кабӯтар аз ту орад нома.
Чашмам, ки сиришки лолагун оварда,
Чашмам, ки сиришки лолагун оварда, В-аз ҳар мижа қатраҳои хун оварда. Не, не, ба назораат дили хуншудаам Аз равзани сина сар бурун оварда.
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ,
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ, Тоат ки ба шаб кунӣ ниҳон, аз ҳама беҳ. Хоҳӣ зи пули сирот осон гузарӣ, Нон деҳ ба ҷаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.
Абр аз деҳқон, ки жола мерӯяд аз ӯ,
Абр аз деҳқон, ки жола мерӯяд аз ӯ, Дашт аз Маҷнун, ки лола мерӯяд аз ӯ. Хулд аз сӯфию ҳури ин аз зоҳид, Мову дилаке, ки нола мерӯяд аз ӯ.
Шабҳои дароз, эй дареғо бе ту,
Шабҳои дароз, эй дареғо бе ту, Ту хуфта ба ноз, эй дареғо бе ту. Дурию фироқ, эй дареғо бе ту, Ман дар таку тоз, эй дареғо бе ту.
Эй сабзии сабзаи баҳорон аз ту,
Эй сабзии сабзаи баҳорон аз ту, В-эй сурхии рӯи гулъизорон аз ту. Оҳи дилу ашки беқаророн аз ту, Фарёд, ки бод аз туву борон аз ту.