Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Баҳори бе Лоиқ
Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун, Бо таронаи борон ёди шоири мо кун. Асру лаҳза яксон аст дар радифи бемаргӣ, Эй ҳарифи бемаргӣ, лаҳзаро таманно кун,
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак, Рақси фари парасту дар осмон муборак. Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем, Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.
Гӯед ба Наврӯз, ки нав нест ғами мо
Гӯед ба Наврӯз, ки нав нест ғами мо, Аз ҳасрати хунинкафанон чашми нами мо. Аз ваҳшати оқипадарон пушти хами мо, Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд!