Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Бо саҳар рабте надорад шоми мо
Бо саҳар рабте надорад шоми мо, Фориғ аст аз соф дурди ҷоми мо. Дил ба тавфи хоки кӯе бастаем, Тукма дорад ҷомаи эҳроми мо.
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо, Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо. Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае, Хунбаҳои сад чаман аз ҷилваҳоят як ад
Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё
Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё, Фасли сайри дил гузашт, акнун ба чашми мо биё. Мекашад хамёзаи субҳ интизори офтоб, Дар хуморободи махмурон қадаҳпаймо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо Соди қалами тақдир бо мисраи абрӯҳо. Натвон ба дили ушшоқ афсуни раҳоӣ хонд, З-ин силсила озоданд занҷирии гесӯҳо.
Дил агар маҳви муддао гардад
Дил агар маҳви муддао гардад, Дард дар коми мо даво гардад, Туъмаи дард агар расад дар ком, Ҳар магас ҳамсари ҳумо гардад,
Афсонаи фано
Ҷуз пеши мо махонед афсонаи фаноро, Ҳар кас намешиносад овози ошноро. Аз тоқу қасри дунё к-аз хоку хишт чинед, Ҳайф аст паст гиред миъроҷи пушти поро.