Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Шабтоб
Дар зери сояравшани маҳтоби хобнок, Дар домани сукути шабе хаставу хамӯш, Оҳистагом, мегузарад шоире ба роҳ: Масту рамидаҳуш.
Дар лабханди ӯ
Дидаму меомад аз муқобили ман дӯш, Хандаи талхе ниҳода бар лаби пурнӯш. Ғамзада чун моҳтоби охири пойиз, Дӯхта бар рӯи ман нигоҳи ғамангез.
Онно
Субҳ механдаду боғ аз нафаси гарми баҳор, Мекушояд мижаву мешиканад мастии хоб. Осмони тофта дар биркаву з-ин тобиши гарм, Оташ ангехта дар синаи афсурдаи об.
Арғавон
Арғавон, шохаи ҳамхун ҷудо мондаи ман, Осмони ту чӣ ранг аст имрӯз? Офтобист ҳаво? Ё гирифтааст ҳанӯз?
Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст
Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст, Ай бас ғаму шодӣ, ки паси парда ниҳон аст. Гар марди раҳӣ, ғам махур аз дуриву дерӣ, Донӣ, ки расидан ҳунари гоми замон аст.
Бӯи борон
Бӯи борон зи кучаҳои шаҳр омад, Ёди ту боз ба ҳавлии дил даромад. Ҳар қатра ба гӯши ман чунин мегуфт: Аз меҳри ҳақиқӣ ғами дил кам ояд.