Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ояд ба барам чун нигоре наву ҳаргиз
Ояд ба барам чун нигоре наву ҳаргиз, Тозад ба сарам чун ту саворе наву ҳаргиз. Умре паи як бӯса агар рӯ ба ту орам, Ҳаргиз гузарад бар лабат, оре наву ҳаргиз.
Ман ба хун ғарқаву лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз
Ман ба хун ғарқаву лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз, Захмкориву ман аз теғи ту шарманда ҳанӯз. Чӣ аҷаб, гар бигузорам ҳама шаб бе ту чу шамъ Аҷаб ин аст, ки рӯз оя
Надорам дареғ аз ғамат ҳеҷ чиз
Надорам дареғ аз ғамат ҳеҷ чиз, Ки меҳмони нохонда бошад азиз. Агар бастият килки Шопур нақш Шудӣ Хусрават банда, Ширин каниз.
Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз
Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз, Ришта гир аз шамъу аз шаб васлае бар рӯз дӯз. Аз фурӯғи фузлаи шаҳдам чӣ ҳосил, фазл кун, В-аз рухи шоҳид ҳарими маҷ
Ба рухсору ҷабину рӯю ораз бурдӣ, эй дилбар
Ба рухсору ҷабину рӯю ораз бурдӣ, эй дилбар Фурӯғ аз субҳу нур аз рӯзу акс аз моҳ, тоб аз х(в)ар. Фурӯғу нуру аксу тоби рӯят карда ошиқро Басар бино, хирад доно
Гар кунӣсояам, эй сарви хиромон бар сар
Гар кунӣсояам, эй сарви хиромон бар сар, Сар ба поят ниҳаму дидаи гирён бар сар. Метавон нисбати болои ту бо сарви сиҳӣ Гар бувад сарви сиҳиро маҳи тобон бар са
Эй ба назора карда рӯ, мавкиби моҳи ман нигар
Эй ба назора карда рӯ, мавкиби моҳи ман нигар, Хайли бутон сипоҳи ӯ, ҳашмати шоҳи ман нигар. Пайсипарам ба роҳи ӯ, бовар агар намекунӣ, Ҷаста зи наъли тавсанаш
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр, Ёри мо нодода бӯса мекунад аз мо канор. Диданаш ид асту идӣ бӯса додан бар лабаш, Эй худо, з-ин иду идӣ коми муштоқон
Қадат сарвест, ҷоно, сояпарвар
Қадат сарвест, ҷоно, сояпарвар, Ба сад дил дар ҳавои ӯ санавбар. Ба он хат бурдӣ аз аҳли қалам даст, Набошад, оре, ангуштон баробар.
Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар қоғаз
Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар қоғаз, Қалам шуд найшакар в-аз найшакар ғарқи шакар коғаз. Тунукдилро чӣ тоқат пеши таъни ҳосидон, оре Наёрад тоби зах
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд, Дорам ҳамин мурод, к-аз он хоки дар ниҳанд. Пайкони ту сурх шавад з-онташи дилам, Хуш он ки баҳри доғ маро бар ҷигар н
Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред
Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред, Ташналаб мурдани ман з-он чаҳи ғабғаб нигаред! Ашкам аз акси лабаш бодасифат рангин шуд, Соғари чашмам аз бода лаболаб
Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид
Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид, Расонд мужда,ки шоҳи ҷаҳонпаноҳ расид. Фурӯғи нури ҷамолаш ба чашми меҳр афтод, Садои кӯси ҷалолаш ба гӯи моҳ расид.
Сарат зи орази даҳр дардманд мабод
Сарат зи орази даҳр дардманд мабод, Замона бар дили шоди ту ғамписанд мабод! Ту ҷони аҳли ниёзӣ ба бачорболиши ноз, Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Ид шуду оламе куштаи ҷавлон туро
Ид шуду оламе куштаи ҷавлон туро, То ки қабул уфтод аз ҳама қурбон туро. Лаъли суми тавсанат ҳайф бувад бар замин, Дидаи ушшоқ бод арсаи майдон туро.
Пора-пора дили ҳазини маро
Пора-пора дили ҳазини маро, Бин шарор оҳи оташини маро. Пок мекардам ашки хеш зи рух Ѓарқи хун сохт остини маро.
Ҷуз ҳавои васли ту дар сар ҳавас набвад маро
Ҷуз ҳавои васли ту дар сар ҳавас набвад маро, Гар куни парвои ман, парвои кас набвад маро. Баста ҷон эҳроми кӯи тусту қолаб маҳмилаш, Ҷуз дили нолон дар ин маҳм
Набурд каъбаам аз хотир ин таманноро
Набурд каъбаам аз хотир ин таманноро, Ки қиблагоҳ кунам хаймагоҳи Салморо. Чу нест рӯи таваҷҷӯҳ ба хаймагоҳи ваям, Ба сӯи каъба кунам рӯи худ тасаллоро.
Ораз зи хат ороста шуд нӯшлабонро
Ораз зи хат ороста шуд нӯшлабонро, Барҳам зад аз он оразу хат рӯзу шабонро. Он нахли тарабро чу газидам лаби ширин, Гуфто, ки макун хаста зи дандон рутабамро.
Ку қосиде, ки шарҳи ғами иштиёқро
Ку қосиде, ки шарҳи ғами иштиёқро Созам пур аз ғазал чу Хуросон Ироқро. Ҳар шаб ба сурати шафақ аз акси хуни дил Рангин кунам китобаи ин сабзтоқро.
Бар тарфи рух ниҳодӣ он ҷаъди мушксоро
Бар тарфи рух ниҳодӣ он ҷаъди мушксоро, Чун шаб сиёҳ карди рӯзи сафеди моро. Бӯят ба ҳар машоме ҳайф аст агар тавонам, Сӯи ту раҳ бубандам омадшуди саборо.
Ба афсун гар кушоӣ мӯҳри ин лаъли шакархоро
Ба афсун гар кушоӣ мӯҳри ин лаъли шакархоро, Фуруд орӣ аз ин фирӯзагун манзар Масеҳоро. Биё соқӣ, ки гар иқболи гардунро бақо будӣ, Накардӣ пояи тахти Сикандар
Наат Салмо валекин лоҳа барқун мин мағониҳо
Наат Салмо валекин лоҳа барқун мин мағониҳо, Бале, манзигаҳи мақсудро бошад нишониҳо. Насими кӯи ӯ бахшад дили уммедворонро Умеди комгориҳо, навиди шодкомиҳо.
Эй навҷавон, ки дил ба каманди ту бастаам
Эй навҷавон, ки дил ба каманди ту бастаам, Раҳме намо, ки пиру заифу шикастаам. Чил сол дар муҷоҳада умрам чу сарф шуд, Пиндоштам, зи меҳри бутон бозрастаам.
Чеҳраи зард зи хун баста ҷигар таҳ ба таҳам
Чеҳраи зард зи хун баста ҷигар таҳ ба таҳам, Сурхрӯӣ ба ҷуз ин нест зи бахти сияҳам. Ҷӯи хун гирди манн аз дида даромад, чӣ кунам? Қуввати пой надорам, ки аз ин


