Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бар худ аз сози шукуфтан кай гумон дорад ақиқ?
Бар худ аз сози шукуфтан кай гумон дорад ақиқ? Дархури номат табассум дар даҳон дорад ақиқ. Ҷойи он дорад, ки бошад боби дандони тамаъ, Нисбати дурӣ ба лаъли ди
То намегардад табу тоби нафасҳо бартараф,
То намегардад табу тоби нафасҳо бартараф, Медавад аҷзои мо чун мавҷи дарё ҳар тараф. Бастаанд аз шӯхии аздод нақши коинот, Кардаанд аҷзои ин пайкар ба якдигар т
Баҳсу ҷадал ба офати ҷон мекунад тараф,
Баҳсу ҷадал ба офати ҷон мекунад тараф, Сарҳо ба теғи фитна забон мекунад тараф. Таъни хасон муқобили сидқи мақоли туст, Изҳори ростӣ ба синон мекунад тараф.
Нозад ба ишқ ғозаи ҳусни ҷунундимоғ,
Нозад ба ишқ ғозаи ҳусни ҷунундимоғ, Парвона аст ҷавҳари оинаи чароғ. Моро зи лаъли ёр паёме нашуд насиб, То кай расад ба бӯсу кулаҳ каҷ кунад аёғ?
Кунун, ки мегузарад айш чун насим зи боғ,
Кунун, ки мегузарад айш чун насим зи боғ, Чу гул хуш он ки занӣ даст дар рикоби аёғ. Зи шабнами гулам ин нукта нақди огоҳист, Ки гарди обилапоӣ шикастаанд ба бо
Фақри моро машуморед кам аз олами теғ,
Фақри моро машуморед кам аз олами теғ, Ки буришҳост ба қадри тунукӣ дар дами теғ. Аҷзи мардон асари ғайрати дигар дорад, Пушт дар сина ниҳон мекунад ин ҷо хами
Ҳар чӣ дар дил гузарад, вақфи забон дорад шамъ,
Ҳар чӣ дар дил гузарад, вақфи забон дорад шамъ, Сӯхтан нест хаёле, ки ниҳон дорад шамъ. Нури таҳқиқ зи лофи дами ҳастӣ кадар аст,
Сӯхтан як нағма аст аз сози шамъ,
Сӯхтан як нағма аст аз сози шамъ, Парда натвонад нуҳуфтан рози шамъ. Худгудозӣ обрӯйи дигар аст, Мерасад бар анҷуманҳо нози шамъ.
Бе нами ҳиҷлат намебошад сару кори тамаъ,
Бе нами ҳиҷлат намебошад сару кори тамаъ, Ҷинси истиғно арақ дорад ба бозори тамаъ. Ғайри навмедӣ илоҷи ин қадар амроз чист? Оламе пар мезанад дар набзи бемори
Набуд нуқтае аз илми ин китоб ғалат,
Набуд нуқтае аз илми ин китоб ғалат, Шуури ноқиси мо кард интихоб ғалат. Фиреби зиндагӣ аз шӯхии нафас нахурӣ, Ки теғро накунад кас ба мавҷи об ғалат.
Гаштам аз бедаступоиҳо ба хушку тар муҳит,
Гаштам аз бедаступоиҳо ба хушку тар муҳит, Киштӣ аз таслим пайдо кард соҳил дар муҳит. Қосидони шавқ яксар нохудоӣ мекунанд, Мавҷҳо дорад зи чашмам то дари дилб
Бар ҷунун натвон шуд аз ақли адабпарвар муҳит,
Бар ҷунун натвон шуд аз ақли адабпарвар муҳит, Саъйи гавҳар то куҷоҳо танг гирад бар муҳит? Ғайри бекорӣ чӣ меояд зи дасти муфлисон? Нест ҷуз бар нотавонӣ пайка
Мабод, домани кас гирам аз фусуни ғараз,
Мабод, домани кас гирам аз фусуни ғараз, Кафи умед ҳино бастаам ба хуни ғараз. Таваҳҳум оинаи эҳтиёҷи якдигар аст, Муназзаҳем вагарна зи чанду чуни ғараз.
Эй бехабар, масӯз нафас дар ҳавои файз,
Эй бехабар, масӯз нафас дар ҳавои файз, Бе чоки сина нест чу субҳ ошнои файз. Эй дона, кулфати надамидан ғанимат аст, Расво машав ба иллати нашвунамои файз.
Пур кӯтаҳ аст дасти ба ҳар сӯ дарози ҳирс,
Пур кӯтаҳ аст дасти ба ҳар сӯ дарози ҳирс, Ғайр аз гиреҳ ба ришта набастаст сози ҳирс. Узлат гузидаему ба сад кӯча метапем, Оҳ аз қаноате ки нашуд бениёзи ҳирс!
Аз қаноат хок бояд кард дар анбони ҳирс,
Аз қаноат хок бояд кард дар анбони ҳирс, Обрӯ то кай шавад сарфи хамири нони ҳирс? Ҳеҷ даште нест, к-аз реги равон бошад тиҳӣ, Барнамеояд ҳисоб аз резиши дандон
Ман намегӯям, зиён кун ё ба фикри суд бош,
Ман намегӯям, зиён кун ё ба фикри суд бош, Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош. Дар талаб ташнеъи кӯтоҳӣ макаш аз ҳеҷ кас,
Гар наӣ айни тамошо, ҳайрати саршор бош,
Гар наӣ айни тамошо, ҳайрати саршор бош, Сар ба сар дилдор ё оинаи дилдор бош. Ё ҳуҷуми айш шав чун нағмаи завқи висол, Ё саропо дарди дил чун нолаи бемор бош.
Камоли фақр набвад ҷузви истеъдод аз ин бешаш,
Камоли фақр набвад ҷузви истеъдод аз ин бешаш, Ки ҳар кас аз бизоат пурсадат, сар афканӣ пешаш. Сари сайри ғано дорӣ, ба иқлими қаноат рав, Ки дар ҳар бахяи дал
Урён баро, ба мулки ҷунун подшоҳ бош,
Урён баро, ба мулки ҷунун подшоҳ бош, Аз мӯи сар алам кашу соҳибкулоҳ бош. Кам нестӣ зи шамъ дар ин ваҳшатанҷуман,
Сурати фақрам агар кашанд манолаш,
Сурати фақрам агар кашанд манолаш, Сояи боли ҳумост нанги зуголаш. Фақр начинад бисоти даъвати чинӣ, Мӯй шикастаст дар димоғи сафолаш.
Сухансанҷе, ки мадҳи халқ нафребад ба васвосаш,
Сухансанҷе, ки мадҳи халқ нафребад ба васвосаш, Масеҳои ҷаҳони мурда гардад субҳи анфосаш. Нафас маҳмилкаши чандин ғанову фақр мебошад, Ки дар ҳар омадурафтест
Дил ба коми туст, чанде хуррамиизҳор бош,
Дил ба коми туст, чанде хуррамиизҳор бош, Соғаре дорӣ, шикасти рангро меъмор бош. Файзҳо дорад сухан, бар маънии борик печ, Гар дили осуда хоҳӣ, уқдаи ин тор бо
Дилеро ки бахшад гудоз орзуяш,
Дилеро ки бахшад гудоз орзуяш, Чу шабнам диҳад ғӯта дар оби рӯяш. Ба ҷамъияти зулфи мушкин бинозам, Ки аз ҳар буни мӯст ҳайрони рӯяш.
Хоҳ дар маъмура ҷо кун, хоҳ дар вайрона бош,
Хоҳ дар маъмура ҷо кун, хоҳ дар вайрона бош, Бо ҳазорон дар паси девори худ чун шона бош. Чашми ҳиммат ҷуз ба нури ишқ натвон об дод, Сайқали оинаӣ, хокистари п

