Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бе нами ҳиҷлат намебошад сару кори тамаъ,

Бе нами ҳиҷлат намебошад сару кори тамаъ, Ҷинси истиғно арақ дорад ба бозори тамаъ. Ғайри навмедӣ илоҷи ин қадар амроз чист? Оламе пар мезанад дар набзи бемори тамаъ. Умр дар ҳасрат шуду як тавқи қумрӣ хам набаст Ҳиҷлати беҳосилӣ бар сарви гулзори тамаъ. Осмон хамёзаи яъси ту хирман мекунад, Эй ҳавас, бардор даст аз шакли анбори тамаъ. Бениёзӣ тобеъи андешаи ағроз нест, Хидмати ҳиммат муҳол аст аз парастори тамаъ. Баҳри таъмири хаёле, к-аз нафас вайронтар аст, Хоки даҳр аз обрӯ гил кард меъмори тамаъ. Заҷри ибрат нест танбеҳи самоҷатпешагон, Лаб газидан нашканад дандони изҳори тамаъ. Дархури ҷон кандан аз ағроз мебояд гузашт, Умрҳо шуд, маргат аз по мекашад хори тамаъ. Аз камоли хеш ғофил нест истеъдоди халқ, Шӯри иқболи гадо мебошад идбори тамаъ. Базми чандин ҳасрат он сӯи қиёмат чидаем, Бояд аз шахси амал пурсид миқдори тамаъ. Гар ҳама бар осмон хоҳӣ назар бардоштан, Чун мижа бе сарнигунӣ нест девори тамаъ. Аз хирад ҷустам тариқи интиоши коми халқ, Даст бар ҳам суду гуфт: Ин аст рафтори тамаъ. Нест мавқуфи суол иброми табъи дунҳасаб, Бастани лаб ҳам камар бастаст дар кори тамаъ. Бениёзӣ, Бедил, охир эҳтиёҷ омад ба арз, Маҳрами рози ғаноям кард осори тамаъ.