Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баҳсу ҷадал ба офати ҷон мекунад тараф,

Баҳсу ҷадал ба офати ҷон мекунад тараф, Сарҳо ба теғи фитна забон мекунад тараф. Таъни хасон муқобили сидқи мақоли туст, Изҳори ростӣ ба синон мекунад тараф. Аз гуфтугӯ ба хок мазан гавҳари виқор, Ин мавҷ баҳрро ба карон мекунад тараф. То кай зи чорсӯи таайюн харад касе Ҷинсе, ки оташаш ба дукон мекунад тараф? Ташвиши хубу зишт зи осори огаҳист, Оинаро сафо ба ҷаҳон мекунад тараф. Бад нест бо муомалаи ҷоҳ сохтан, Аммо димоғро ба харон мекунад тараф. Пайдо агар набошӣ, аз офот растаӣ, Бо новакат ғурури нишон мекунад тараф. То оташе ба дил назанад ишқ чун сипанд, Одобро ба нола чӣ сон мекунад тараф? Ҳамдарси халқ бош, тағофул камол нест, Эй бехабар, карӣ ба фиғон мекунад тараф. Осон мадон тараддуди рӯзӣ, ки чун ҳилол Бо нуҳ сипеҳр як лаби нон мекунад тараф. Бедил, ғурури лоф далели сабуксарист, Худсанҷият ба санги гарон мекунад тараф.