Нозад ба ишқ ғозаи ҳусни ҷунундимоғ,
Нозад ба ишқ ғозаи ҳусни ҷунундимоғ,
Парвона аст ҷавҳари оинаи чароғ.
Моро зи лаъли ёр паёме нашуд насиб,
То кай расад ба бӯсу кулаҳ каҷ кунад аёғ?
Маҷбури ҳастием, зи ҷуръат гузир нест,
Аз пар задан ба пашша нагирад касе калоғ.403
Чун нолаи сипанд ба ҳар ҷо гузаштаем,
Нақши қадам зи гармии рафтор гашта доғ.
Дар ишқ кӯш, к-аз ғами асбоб вораҳӣ,
Дарди диле магар диҳад аз дарди сар фароғ.
Аз саркашони ҷоҳ таваққуъ мадор чашм,
Афшонда гир дасти самар з-ин чанори боғ.
Бо дӯстон агар гарави инфиол нест,
Улфат бас аст, шарм кун аз бастани чаноғ.
Анқо ба ваҳм масдари осори зиндагист,
Эй кош, нестӣ диҳад аз ҳастиям суроғ.
Дил тира шуд зи машқи хаёлоти хубу зишт,
Оинаро ҳуҷуми сувар кард бедимоғ.
Бедил, навиди қосиди бадлаҳҷа мотам аст,
Мактуби навбаҳор набандӣ ба боли зоғ.