Кунун, ки мегузарад айш чун насим зи боғ,
Кунун, ки мегузарад айш чун насим зи боғ,
Чу гул хуш он ки занӣ даст дар рикоби аёғ.
Зи шабнами гулам ин нукта нақди огоҳист,
Ки гарди обилапоӣ шикастаанд ба боғ.
Зи чашмаки гули боғи ҷунун машав ғофил,
Танидааст нигоҳе ба хатти соғари доғ.
Гузаштааст зи ҳастӣ ғубори ваҳшати мо,
Зи ранги рафта ҳамон дар адам кунанд суроғ.
Дар ин бисот ки ҳайрат далели биноист,
Ба ғайри сӯхтани худ чӣ дид чашми чароғ?
Чи анҷуман, чи гулистон, фазои дилтангист.
Магар зи мазбала ҷӯяд касе мақоми фароғ.
Зи дарси ишқ ба ҳарфи ҳавас қаноат кун,
Хумори нағмаи булбул шикан ба бонги калоғ.
Талоши мансаби парвонамашрабӣ муфт аст,
Бигард гирди сари ҳар диле, ки дорад доғ.
Хумори маҷлисиён арзи соғар аст ин ҷо.
Зи бедимоғии мастон расонда гир димоғ.
Ду рӯз дар дили хунгашта ҷӯш зан, Бедил,
На боғ дархури ҷавлони орзуст, на роғ.