То намегардад табу тоби нафасҳо бартараф,
То намегардад табу тоби нафасҳо бартараф,
Медавад аҷзои мо чун мавҷи дарё ҳар тараф.
Бастаанд аз шӯхии аздод нақши коинот,
Кардаанд аҷзои ин пайкар ба якдигар тараф.
Дил мусаффо кардаӣ, бояд ба ҳайрат сохтан,
Бештар оина мегардад ба равшангар тараф.
Машраби девонагон бо май надорад эҳтиёҷ,
Ҷом лабрез аст, ҳар ҷо санг шуд бо сар тараф.
Олами таҳқиқи мо оинадори ғайр нест,
Чанд бояд буд бо аъроз
чун ҷавҳар тараф?
Ҳар куҷо шӯри таманноят далели ҷустуҷӯст,
Пойи хоболуд мегардад ба болу пар тараф.
Шаш ҷиҳат оинаи тимсоли хубу зишти мост,
Кас нагардидаст ин ҷо бо каси дигар тараф.
То намирад дил, ба ҳарфи халқ натвон гӯш дошт,
Ҷуз ба хомӯшӣ нагардад шамъ бо сарсар тараф.
Офиятҳо дар ҷаҳони бетамизӣ ҷамъ буд,
Кард одам гаштанат охир ба гову хар тараф.
Гар замин, гар осмон, ҳайрони найранги дил аст,
Шӯхии ин нуқта афтодаст бо дафтар тараф.
Қатра ку? Гавҳар кадом? Афсуни худбинӣ балост,
Ҷумла дарёем, агар ин уқда гардад бартараф.
Бедил, азбас шаш ҷиҳат ҷӯши баҳори ғафлат аст,
Сабзаи хобида меболад чу мижгон ҳар тараф.