Бар худ аз сози шукуфтан кай гумон дорад ақиқ?
Бар худ аз сози шукуфтан кай гумон дорад ақиқ?
Дархури номат табассум дар даҳон дорад ақиқ.
Ҷойи он дорад, ки бошад боби дандони тамаъ,
Нисбати дурӣ ба лаъли дилбарон дорад ақиқ.
Баски беоб аст ин саҳрои шуҳратэътибор,
Рӯзу шаб нақши нигин зери забон дорад ақиқ.
Содагӣ доруламони бетамизон будааст,
Ҳалқаҳои домро хотам гумон дорад ақиқ.
Айби мо рангинхаёлон маънии борики мост,
Арзи нуқсон то диҳад, аз раг забон дорад ақиқ.
Ҳар касе то хок гардидан ба ранге бисмил аст,
Хуни ранге дар фусурданҳо равон дорад ақиқ.
Ҳирс ҳар ҷо ғолиб афтад, бар ҷигар дандон фишор,
Дар ҳуҷуми ташнагиҳо имтиҳон дорад ақиқ.
Ҳар кӣ мебинӣ, ба қадри шуҳрат аз худ рафтааст,
Суди номе ҳам ба таҳсили зиён дорад ақиқ.
Бе ҷигар хӯрдан муяссар нест поси эътибор,
Обрӯ дар мавҷи хуни дил ниҳон дорад ақиқ.
Эътибороти ҷаҳон пур бенасақ
афтодааст,
Ҷонканиҳо баҳри номи дигарон дорад ақиқ.
Хуни дилро дар бисоти дида ранге дигар аст,
Обрӯ дар хотам афзунтар зи кон дорад ақиқ.
Лаъли ёр аз баҳри муштоқон табассумпарвар аст,
Оби борике ба завқи ташнагон дорад ақиқ.
Маҳви лаълатро фусурдан низ оби зиндагист,
Ҳамчу дил, то ранги хуне ҳаст, ҷон дорад ақиқ.
Нест, Бедил, ковиши айём бар дилхастагон,
Дар шикасти худ ҳамон хатти амон дорад ақиқ.