Ман намегӯям, зиён кун ё ба фикри суд бош,
Ман намегӯям, зиён кун ё ба фикри суд бош,
Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош.
Дар талаб ташнеъи
кӯтоҳӣ макаш аз ҳеҷ кас,
Шуъла ҳам гар боли беобӣ кушояд, дуд бош.
Зеби ҳастӣ чист, ғайр аз шӯри ишқу сози ҳусн?
Накҳати гул гар наӣ, дуди димоғи уд бош.
Аз хамӯшӣ гар бичинӣ дастгоҳи офият,
Гуфтугӯ ҳам оламе дорад, нафасфарсуд бош.
Роҳате гар ҳаст, дар оғӯши саъйи бехудист,
Якқалам лағзиш чу мижгонҳои хоболуд бош.
Мӯмиёӣ ҳам шикасташ холӣ аз таъмир нест,
Эй зиёнат ҳеҷ, баҳри дардманде суд бош.
Хоки Одам оташи иблис дорад дар камин,
З-ин таайюн ҳам баро, беҳосиду маҳсуд бош.
Чист дил, то рӯкаши дидор бояд сохтан?
Ҳусн бепарво хуш аст, оина, гӯ, мардуд бош.
З-ин ҳама саъйи талаб ҷуз офият матлуб нест,
Гар ҳама доғ аст, ҳар ҷо шуълаат осуд бош.
Нақди ҳасратхонаи ҳастӣ садое беш нест,
Эй адам, номе ба даст овардаӣ, мавҷуд бош.
Бар муқимони сарои орият, Бедил, мапеч,
Чун ту ин ҷо нестӣ, гӯ, ҳар кӣ хоҳад буд, бош!