Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гар наӣ айни тамошо, ҳайрати саршор бош,

Гар наӣ айни тамошо, ҳайрати саршор бош, Сар ба сар дилдор ё оинаи дилдор бош. Ё ҳуҷуми айш шав чун нағмаи завқи висол, Ё саропо дарди дил чун нолаи бемор бош. Болупарфарсудаи доми фалак натвон шудан, Гар ҳама марказ шавӣ, беруни ин паргор бош. Чанд бояд буд пешоҳанги таҳрики нафас? Сози мавҳуме ки мо дорем, гӯ, бетор бош. Сад чаман ранги тараб дар ғунча дорад хомушӣ, Нола ҳар ҷо гул кунӣ, кӯтаҳтар аз минқор бош. Гар ҳама бӯе зи афсуни ҳасад дорад дилат, Бар думи ақраб нишин ё бар даҳони мор бош. Огаҳӣ оинадори эҳтиёт афтодааст, Чашм агар гардида бошӣ, андаке бедор бош. Бисмили моро пари вомонда сайри оламест, Арсаи кавну макон, гӯ, як тапиданвор бош. Доғ ҳам рангиние дорад, ки дар гулзор нест, Гар наӣ товус, боре рахти оташкор бош. Серчашмӣ зарраи меҳри қаноат будан аст, Пеши мардум андаке, дар чашми худ бисёр бош. Ғунчаат аз бехудӣ фоли шукуфтан мезанад, Эй зи сар ғофил, бирав, бемағзии дастор бош. То ба кай бошад дил аз хиҷлатшуморони нафас? Субҳа бекор аст, чанде гарми истиғфор бош. Бениёзиҳои ишқ охир ба ҳеҷат мехарад, Ҷинси мавҳумӣ, ду рӯзе бар сари бозор бош. Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок, Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.