Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Камоли фақр набвад ҷузви истеъдод аз ин бешаш,

Камоли фақр набвад ҷузви истеъдод аз ин бешаш, Ки ҳар кас аз бизоат пурсадат, сар афканӣ пешаш. Сари сайри ғано дорӣ, ба иқлими қаноат рав, Ки дар ҳар бахяи далқ остинҳо чида дарвешаш. Адамро ҳастӣ андешидан офатҳо ба бар дорад, Қиёмат мекунӣ бар зиндагӣ, бигзар зи ташвишаш. Зи дунё даст агар бардоштӣ, ҷамъияти дил ку? Ба ин бегонагиҳо ром натвон ёфт бо хешаш. Фусурдан дар бағал, аз ваҳшати авқот маъюсӣ, Ғами фурсат гар аз дил нагзарад, фурсат маяндешаш. Қади хамгашта то оҳе ба дил дорад, асар дорад, Ба ғафлат з-ин камон магзар, хаданге ҳаст дар кешаш.393 Талоши маркази аслӣ вафои мум мехоҳад, Ки ёди хонаи занбӯр мебандад ба ҳар решаш. Ба иқболи ҷаҳонтасхири симу зар тааммул кун, Ки ин фақру ғано номест аз вазъи каму бешаш. Муҳосин он қадар бар риши зоҳид пашм мечинад, Ки хиҷлат мекашад тақсим бар хирсу бузу мешаш. Ҷунун дар табъи ҳар кас шуғле аз машшотагӣ дорад, Ману ороиши гесӯи маънӣ, зоҳиду ришаш. Зи бадгавҳар набояд дошт чашми эминӣ, Бедил, Газанди тинати ақраб аламдор аст аз нешаш.