Урён баро, ба мулки ҷунун подшоҳ бош,
Урён баро, ба мулки ҷунун подшоҳ бош,
Аз мӯи сар алам
кашу соҳибкулоҳ бош.
Кам нестӣ зи шамъ дар ин ваҳшатанҷуман,
По гар далели саъй нашуд, сарбароҳ бош.
Дасти тасаллӣ аз дили бетоб бармадор,
Чашме ба ҳар куҷо бипарад, барги коҳ бош.
Ғофил мабош бо ҳама ғафлат зи оҷизон,
Чун пойи хуфта обилаеро паноҳ бош.
Гирам, наӣ зи аҷз рафиқи гузаштагон,
Чун нақши по ба саҷда раву узрхоҳ бош.
Сад тоат аст дар хами меҳроби инфиол,392
Чанде ба сарнигунии фаҳми гуноҳ бош.
Сабре агар ба шуғли қаноат мадад кунад,
Сайқалгари кудурати бахти сиёҳ бош.
Огоҳӣ аз ҳазор ҷунун парда медарад,
Номаҳрами ҳақиқати ин коргоҳ бош.
Ин ҷо чу шамъ кор ба акси табиат аст,
Пур сарбаланд меравӣ, огаҳ зи чоҳ бош.
Бе нашъа нест кулфати мастони ин бисот,
Эй дарди ишқ, бодаи минои оҳ бош.
Радду қабул ҷазреву маддест з-ин муҳит,
Бе қурбу буъд гоҳ «бирав» бошу гоҳ «бош».
Ин аст агар ҳақиқати пайдоие ки нест,
Мо ҷумла рафтаем зи олам, гувоҳ бош.
Бедил ба ҳеҷ кас нанамоӣ ғубори хеш,
Дар чашми ҳар кӣ роҳ диҳандат, нигоҳ бош.