Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сурати фақрам агар кашанд манолаш,

Сурати фақрам агар кашанд манолаш, Сояи боли ҳумост нанги зуголаш. Фақр начинад бисоти даъвати чинӣ, Мӯй шикастаст дар димоғи сафолаш. Баски адаб баста лаб гадои даратро, Ҳақ нагузаштаст бар забони суолаш. Шубҳа намечинам аз даҳону миёнат, Илммисолам муҳол нест муҳолаш. Ваҳшат аз ин гулшанам назад ба диранге, Ранг ба парвоз нест ҳоҷати болаш. Нашвунумо нест дар баҳори муҳаббат, Якқалам аз худ баромадаст ниҳолаш. Бар сари обе, ки раҳ наёфт Сикандар, Даст зи худ низ шуста буд зулолаш. Ҷинси умеде, ки ҳеҷ ранг надорад, Ман ба нафас чидаам дукони хаёлаш. Дам мазанед аз суроғи манзили роҳат, Рам зи нафас хӯрдааст дашти ғизолаш. Аз сари бемағз мекашем нигунӣ, Чун қалами наргис аз хиҷолати нолаш. Бар фалаки эътибор чанд бароӣ? Ҷабҳаву абрӯи туст бадру ҳилолаш. Маҳви адам вогузор Бедили моро, Заҳмати дигар мадеҳ зи ҳол ба ҳолаш.